Ҷоизаи Президенти кишвар ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ дар соли 2017

№156 -157 (3793 - 3794) 30.12.2017

728447168Бисту шашуми декабри соли равон дар Кохи Наврӯз маросими ҷоизасупорӣ ба ҷавонон ва варзишгарони беҳтарини кишвар баргузор гардид. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода гуфт, ки боиси ифтихор ва шарафмандӣ аст, ки барои ҳавасмандӣ ва дастгирии варзишгарони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015, №328 «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» далели бебаҳси ин гуфта аст. Боиси хурсандӣ аст, ки дар заминаи эълон гардидани соли 2017- Соли ҷавонон ҳавасмандии варзишгарони кишвар афзун гардида, дар ин давра 414 медал (116 тилло, 111 нуқра ва 187 биринҷӣ) — ро соҳиб шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 — ум 117-то зиёд мебошад.

Соли ҷорӣ 25 варзишгари муваффақ, аз ҷумла Дилшод Назаров, Бахтовар Ҳасанов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Темур Раҳимов, Ҷаҳон Қурбонов, Ҷамолиддин Абдуллоев, Разиавлоҳ Лоиқов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов, Сомон Маҳмадбеков, ­Раҳмонҷон Маҳмадбеков, Раҳматуллобек Фарҳодов, Ҳоҷимашраб Раҳмонов , Эраҷ Абдуллоев, Шаҳриёр Даминов ва аз рӯи намудҳои ғайриолимпии варзиш Беҳрӯз Хоҷазода, Набимуҳаммад Хоркашев, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Сорбон Латифов, Ибодулло Ибодов, Саидшо Ҳукматов, Шамсиддин Абдураҳимов ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд, ки маб­лағи он дар маҷмӯъ, 653750 сомониро ташкил дод. Дар чорабинӣ, ҳамчунин, ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои адабиёт, санъат, меъморӣ ва рӯзноманигорӣ ба ҷавонони арзанда супорида шуд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»