Соли 2017-ум, ки тибқи мучал соли мурғ ба ҳисоб мерафт, моро падруд гуфт. Табиист, ки дар рӯзгори мардум он аз худ нақш гузошт. Як гурӯҳ одамони касбу кори гуногун дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома лаҳзаҳои хотирмони солро чунин бозгӯйӣ намуданд:
Темурҷон Дадобоев, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати XII:
- Рӯйдоди муҳими соли 2017 барои ман таҷлили 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз замони баргузории он то имрӯз аз 197 вакили халқ, ки дар кори он иштирок доштанд, қариб нисфашон дар қайди ҳаёт нестанд. Иштирок дар таҷлили чорабиниҳои идона, шунидани ёддоштҳои иддае аз вакилон дар конфронси умумиҷумҳуриявӣ, хоса суханронии пур аз меҳру муҳаббати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо гуворо ва хотирмон буд.
Восилахон Ҷалолова, кишоварз, аз шаҳри Исфара:
- Соли 2017 барои кооперативи кишоварзии «Чоркӯҳ» соли фаровонҳосилӣ маҳсуб мешавад. Дар парвариши зироатҳои ғалладонагӣ ва полезӣ нишондиҳандаҳоямон хуб шуданд. Ба шарофати риояи агротехнологияи парвариши гандум муяссар гардид, ки ҳосилнокии ҳар гектар ғаллазор ба 64,1 сентерӣ расонида шавад. Ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 400 сентнерӣ помидор гирифтем, ки аз дурнамо хеле зиёд аст. Аз картошкапарварӣ низ даромади хуб гирифтем.
Ҳавсаҷон Раҳимов, роҳиоҳанчӣ аз ноҳияи Б. Ғафуров:
- Соли 2017 барои ҷомеаи меҳнатии «Қитъаи Суғдии роҳи оҳан»-и Тоҷикистон хеле пурмаҳсул буд. Дар ин сол бо дастгирии роҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар баробари бунёди чанд бинои «устои роҳ» дар истгоҳи роҳи оҳани «Истиқлол» ва гармхонаи гулпарварӣ, аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ варзишгоҳ барои футболи хурд, толори варзишӣ ва майдончаи баскетболбозиро ба истифода додем. Бо бунёди бинои «устои роҳ» шароит барои фаъолият беҳтар гардид, зеро он ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст. Аз гулҳои дар гармхонаи назди коргоҳ парваришёфта намуди зоҳирии истгоҳҳо боз ҳам зеботар шуданд.
Бигузор сулҳу ваҳдат ва амнияту оромӣ дар кишвар абадан ҳукмрон ва рӯзгори мардум боз ҳам беҳтар гардад.
Асрориддин Шокиров, раиси ИДБЗО-и шаҳри Конибодом:
- Барои миробҳо соли 2017 бобарор омад. Масоҳати 24 ҳазору 304 гектар замини дар гардиши кишоварзибуда аз об бо маънои томаш сер шуд.
Аз лиҳози иқтисодӣ низ ҳолати коргоҳ хеле беҳтар гардида, 250 ҳазор сомонӣ қарзи маош ва 300 ҳазор сомонӣ қарз аз фонди ҳифзи иҷтимоӣ пурра пардохт гардид. Ин ва дигар нишондиҳандаҳо боис шуданд, ки ИДБЗО-и шаҳри Конибодом дар миқёси ҷумҳурӣ аз беҳтаринҳо дониста шавад. Дар соли 2018 ният дорем, ки таъмири 13 пойгоҳи обкашии шаҳрро ба поён расонида, ба мавсими соли оянда омодагии хуб бинем.
Бобокалон Шукуров, саноатчӣ аз ноҳияи Спитамен:
- Соли 2009 тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиҳодияи «Агрокомбинати Нов»-и ноҳияи Спитамен таҷдид ва се сохтори асосии он – хоҷагиҳои деҳқонӣ, заводи коркарди пахта ва коргоҳи саноатӣ муттаҳид ва ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Спитаментекстайл» табдил дода шуд. Пешвои миллат дастур доданд, ки бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ коркарди ниҳоии пахтаро ба роҳ монем. Агар гӯям, ки дар соли 2017 ин дастурро анқариб иҷро кардем, муболиға намешавад. Ҳосилнокии 3 ҳазору 150 гектар пахтазор аз 18 -20 сентери солҳои пешин ба 30,4 сентнер расонида шуд. Дар заводи пахтаи ҷамъият бошад, бо истифода аз технологияи муосир баромади нахро ба 34,4 фоиз расонидем, ки ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои пешин беҳтар аст. Дар коргоҳи ресандагӣ бо афзун намудани ҷойҳои корӣ моҳе то 100 тонна ришта аз пахта истеҳсол мешавад. Айни ҳол 95 фисади маҳсулоти коргоҳ ба Туркияву Хитой ва Аврупо содирот мешавад.
Соли ҷорӣ баҳри иҷрои дастури Пешвои миллат биноро барои коргоҳҳои силсилавии бофандагӣ, рангдиҳӣ ва дӯзандагӣ бо тамоми инфрасохтори муҳандисиаш омода кардем. Танҳо харидории таҷҳизот боқӣ мондааст. Ният дорем, соли 2018 ҶДММ «Спитаментекстайл»-ро ба коргоҳи коркарди ниҳоии пахта табдил диҳем.
Фирдавс Тӯрахонов, табиб аз шаҳри Хуҷанд:
- Табибони Беморхонаи клиникавии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 60 сол аст дар хидмати мардуманд. Соли 2017-ум дар хотири коллектив чун соли ободкорӣ ва пешрафту тараққиёт боқӣ монд. Дар соли сипаришуда таъмири шуъбаи касалиҳои дарунӣ ва ташхисгоҳҳо ба анҷом расида, дар шуъбаи ҷарроҳии бачагона ва ҷарроҳи асаб шабакаи гармидиҳӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуданд.
Дастгоҳи рентгении рақамӣ ба маблағи зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ, ки то ин дам мавҷуд набуд, 2 адад микроскоп барои озмоишгоҳи клиникавӣ, анализатори биокимиёвӣ табобати беморонро осон кард. Дар шуъбаи амрози дарунӣ бошад, ду усули нави муолиҷа бо истифодаи иммуномодулятор ҷорӣ карда шуд. Ҳимояи рисолаи номзадӣ аз тарафи духтури шуъбаи эҳё Эҳсонҷон Саидов ва ғолибияти дастаи футболи беморхона дар спартакиадаи вилоятӣ байни кормандони тиб аз рӯйдодҳои фаромӯшнашавандаи соли 2017 маҳсуб мешаванд.
Аҳрорҷон Убайдуллоев, устоди ДДХ:
- Барои ман соли 2017 аз он ҷиҳат хотирмон аст, ки рисолаи номзадиамро дар мавзӯи «Носиралии Сарҳиндӣ ва вижагиҳои ашъори ӯ» ҳимоя кардам. Чанд тан аз шогирдон, аз ҷумла, Шукрона Алиёрова, Мавлуда Бойматова ва Дилшод Мадумаров дар конфронси апрелии донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ҷойҳои намоёнро ишғол карданд, ки бароям ифтихор аст.
Таҳияи М. Мақсудов,
«Садои мардум»