Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) бори дигар таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ — обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишвар барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи соҳаи дорусозӣ Сардори давлат пешниҳод намуданд, ки аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд.
Боварӣ дорам, ки иқдоми мазкур Тоҷикистонро ба кишвари содиркунандаи доруворӣ табдил хоҳад дод. Зеро чанд сол пеш сементро барои сохтмон, асосан аз Ҷумҳурии Исломии Покистон ворид мекардем. Додани имтиёз ба корхонаҳои нав имкон фароҳам овард, ки истеҳсоли сементи хушсифат дар мамлакат босуръат зиёд шавад. Акнун Тоҷикистон на танҳо аз хориҷа семент намехарад, балки ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя онро содир менамояд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ корхонаҳои дорусозие ҳастанд, ки бо андак дастгирӣ метавонанд маҳсулотро берун аз ҷумҳурӣ содир намоянд. Яке аз онҳо ҶДММ «Авитсенна» мебошад. Сарвари он ихтироъкори варзида Сайидвалӣ Ҳикматов то ин дам 47 номгӯй дорую давои табиӣ ихтироъ намуда, истеҳсоли онҳоро ба роҳ мондааст. Ӯ аз шираву дамкардаи решаи заррингиёҳ, зирк, дӯлона, эшим, пардаи байни чормағз, чойкаҳак, пӯстлохи дарахти ғор, тут, лимӯ, гули бобуна, кокутӣ, ҷамилак, нозбӯй, решаи ширинбия, настаран ва дигар растаниҳои шифобахш истеҳсоли нӯшдоруи «Авитсенна»- ро ба роҳ мондааст, ки барои бемориҳои узвҳои ҳозима, дилу рагҳо, гурда, талха, илтиҳоби меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта ва ғайра муфид аст.
Нӯшдоруи «Авитсенна» пас аз ҷарроҳӣ барои сиҳатёбии захм, осеб ва стресс давои беҳтарин мебошад. Ҷарроҳи Академияи тиббӣ — ҳарбии ба номи И. И. Мечникови шаҳри Санкт- Петербург, номзади илмҳои тиб Ҷамшед Аминов мушоҳида намудааст, ки беморони баъди ҷарроҳӣ нӯшдоруи «Авитсенна»- ро истеъмолнамуда нисбат ба дигарон зудтар ба по хеста, захмашон тезтар сиҳат мешавад.
Ҷавонписари дигари тоҷик Фирдавс Қаландаров нӯшдоруҳои «Авитсенна», «Сиёҳдона» ва равғани сиёҳдонаи истеҳсоли корхонаи мазкурро дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия муаррифӣ намуд. Ҳоло дар ин шаҳр теъдоди муштариёни давоҳои тоҷикӣ меафзояд. Агар сафи чунин ҷавонони ватандӯст бештар шавад, боварӣ дорем, ки дорувории кишвар дар хориҷи мамлакат муштариёни зиёд пайдо хоҳад кард.
Валиҷон ҲАМРОҚУЛОВ,
устоди Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор