Дуюми январи соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Баъди тасдиқи рӯзнома масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин шарҳу тавзеҳ дод ва он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуд.
Эмомалӣ Насриддинзода, аз ҷумла, зикр кард, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда аз 7 қисм иборат буда, тибқи онҳо ба 36 моддаи қонуни конститутсионии амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда мешаванд. Аз ҷумла, дар қисми 2 моддаи 16 ва қисми 2 моддаи 18 баъд аз калимаҳои «Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» калимаи «судяҳои» илова карда мешавад. Дар қисми 8 моддаи 19 баъд аз калимаҳои «Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» калимаи «судяи» ва пеш аз калимаҳои «вилоят ва шаҳри Душанбе» калимаҳои «судҳои иқтисодии» илова мегардад.
Сархатҳои шашум, дувоздаҳум ва понздаҳуми қисми 1 моддаи 53, ки салоҳияти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, дар таҳрири нав ифода карда мешаванд.
Мутобиқи қисми 2 моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» суде, ки санади судиро баровардааст, иҷрои онро назорат мекунад. Аммо дар дигар моддаҳои қонуни конститутсионии мазкур ба ҷои калимаи «назорат» калимаи «таъмин» истифода гардидааст. Аз ин рӯ, бо мақсади бартараф намудани ин ҳолат ва рафъи гуногунфаҳмӣ моддаҳои 32, 33, 34, 35, 36, 38, 39, 40, 41, 42, 54, 55 , 56, 63, 64, 65, 71, 76, 77, 78, 79, 82, 83, 84, 85, 87, 88, 89 ва 90-и қонун таҳрир карда мешаванд.
Илова намудани сархати сеюм ба қисми 1 моддаи 56 меъёри мазкурро пурра гардонида, ба судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳият медиҳад, ки эътироз ва шикояти назоратиро бо парвандаҳо мутобиқи қонунгузории мамлакат баррасӣ намояд.
Сархати панҷуми моддаи 88 дар таҳрири нав муқаррар менамояд, ки раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе барои дастҷамъона баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ ҳайати суд ва судяи дар маҷлиси судӣ раисикунандаро муайян намоянд.
Ҳамчунин, қайд гардид, ки мутобиқи бандҳои 283 ва 284-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон оид ба шарҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-17 январи соли 2018 ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар менамоянд. Баҳри пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳии бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва барои иҷрои ҳатмии ҳидояту супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин доир ба масъалаҳо «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеоянд, «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии Венгрия», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои намояндаҳои минтақавии Ҷумҳурии Индонезия (Парламент)», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагии Малайзия», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парламенти Ҷумҳурии Сингапур», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конфедератсияи Швейтсария», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парламенти Ҷумҳурии Шри-Ланка», «Дар бораи сафари хизматии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» ва «Дар бораи сафари ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон» қарор қабул намуд.
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ