Дар шаҳру навоҳии кишвар, ба истилоҳ, «забегаловка»-ҳо зиёданд. Одатан дар ин ҷо иддае бо сад грамм шароб нӯшидан гӯё «рафъи хастагӣ» менамоянду сипас дар хона таом мехӯранд.
Сокини маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд Абдуҷаббор Нурматов баъди ба нафақа баромадан дар боғчаи назди бинои истиқоматиаш чунин «забегаловка» — ро (дар расм) таъсис дода, «ҳоҷат»-и чунин шахсони дар боло зикршударо мебаровард.
30 декабри соли 2017, ки мардуми Хуҷандро ҳанӯз «таассурот» аз офати табиии шаби 26 ба 27- уми декабр — тундбод тарк накарда буд, хабари марги муфоҷои чаҳор нафар сокини маҳалла ба воҳима андохт. Аниқтараш, нисфирӯзӣ дар «забегаловка»-и амаки Абдуҷаббор 10 нафар сокини биноҳои атроф ба муносибати соли нав «оши ҳарифона» ташкил намуданд. Иштироккунандагон барои соли нави мелодӣ чанд қадаҳӣ бардоштанд. Ошпази маърака Комил Зокиров бо ҳавсалаи том зирбакро барои андохтани биринҷ омода намудааст. Вале ба ҷойи намаки ошӣ ба деги ҷӯшидаистода намаки нитрати натрийро меандозад. Аз сабаби он ки таъми ош бетағйир мемонад, ошпаз барои муътадил шудани он борҳо ба ош ба ҷойи намак нитрати натрийро илова мекунад.
- Нитрати натрий ба намак хеле монанд аст, — мегӯяд, устоди факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, номзади илмҳои химия Музаффар Муҳаммадҷонов. Бинобар ин, ошпаз намаки ошро муътадил карда натавонистааст. Ҳамагӣ 0,06 грамм воридшавии он ба организм кифоя аст, ки инсонро ба ҳалокат расонад. Аниқтараш, баробари ворид шудан ба организм нитрати натрий бо туршӣ омехта шуда, ба элементи химиявии сионид (заҳр) табдил меёбад.
-Маро ба оши ҳарифона тавассути телефон даъват карданд, — мегӯяд Бахтиёр Мирбобоеви 47 — сола. Вақти рафтанам ош аллакай тайёр буд. Бисёр нахӯрдам, чанд луқма тановул кардаму ба хона баргаштам. Ба хона омадан замон дилам сахт беҳузур шуд. Як маротиба қай кардам. Фишори хунамро чен кардам, ки аз меъёр паст. Як стакан қаҳва нӯшидам, ки фишори хунам муътадил шуд. Аммо дилбеҳузуриам намонд. Маротибаи дуюм тамоми хӯрдаамро қай кардам. Андаке ба худ омадам. Чанд муддат пас фаҳмидам, ки аз оши ҳарифона хӯрдагон се ҳамсояам акаи Маъруфу Носир ва Комил фавтидаанд.
Ҳамин тариқ, аз оши нитрати натрийдор аз соати шаши бегоҳ то соати ҳашти шаб якбора чаҳор нафар — Маъруф Алиеви 57 — сола, Носир Тоҳирови 55 — сола, Комил Баҳриддинови 51 — сола ва Зокир Комилови 63 — сола фавтиданд. Аз рӯи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд, бинобар сахт заҳролуд шудани организми ин чаҳор нафар танҳо Маъруф Алиев то Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу раг нарасида, дар роҳ вафот кард. Се нафари дигар дар хонаҳояшон ба ҳалокат расидаанд.
Боқимонда 8 нафар, аз ҷумла ҳамсар ва набераи А. Нурматов, ки барояшон ош фиристода буданд, сари вақт ба Беморхонаи клиникии шаҳри Хуҷанд бистарӣ шуданд.
- Оид ба ҳодисаи мазкур дар асоси моддаи 108 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳиби макон («забегаловка») Абдуҷаббор Нурматови 78 — сола парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, айни ҳол тафтишот идома дорад, — гуфт зимни суҳбат прокурори шаҳри Хуҷанд Арабшо Солеҳзода. Намаки нитрати натрий дар сари оташдон аз куҷо пайдо шуд? Инро тафтишот маълум хоҳад сохт.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»