Ихтирои картошкаи оҳану йоддор

№2 - 3 (3796 -3797) 06.01.2018

Post_328_Jenie3Олимону мутахассисони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригашта ба омӯзиши равандҳои мураккаби фотосинтезу биохимияи растаниҳои гуногун дар муҳити тағйирёбии глобалии иқлими сайёра, тақвият бахшидани корҳои селексиониву генетикӣ ва биотехнологияи муосир, захираву пайдоиши намудҳои обсабзҳои нодир дар минтақаҳои гуногуни кишвар, интродуксияи зироатҳои хӯроки чорво ва роҳҳои самаранок истифода бурдани чарогоҳ, ҳифзу афзоиш додани гуногунии биологӣ дар қитъаҳои таҷрибавӣ, ва дигар тадқиқотҳои илман арзишнок машғул буданд.

Онҳо тадқиқи таснифотии обсабзҳоро дар ҳавзаи дарёҳои Вахш, Кофарниҳон, Яхсу, Оби Мазор ва поёноби дарёчаи Элок ба ҷо оварда, муайян намуданд, ки дар дарёҳои Кофарниҳон, Вахш, Элок ва Яхсу аз сабаби ғализӣ ва ҷараёни баланди об, ­норасоии рӯшноӣ, инкишофи обсабзҳо ниҳоят суст гаштааст.

Мувофиқи натиҷаҳои бадастомада, дар шароити ҳозира, дар сурати мақсаднок парвариш намудани обсабзҳо метавон бе сарфу харҷи зиёдатӣ дар як обанбори на чандон калон моддаҳои зиёди органикӣ (биомасса) — ро қариб тамоми сол ҳосил намуд. Дар оянда, дар натиҷаи ба роҳ мондани афзоиш ва истифодаи обсабзҳо метавон ҳазор­ҳо тонна моддаи органикиро ба даст оварда, онро дар саноати дорусозӣ, барои хӯроки моҳӣ, паранда, истеҳсоли биогаз ва дар шакли нуриҳои органикӣ барои ҳосилхез гардонидани заминҳои кишоварзӣ истифода намуд. Олимони институт ҳоло баҳри омӯзиши обсабзҳо бо олимони Эрон, Олмон, Исроил, Хитой, Маҷористон, Россия, Украина ҳамкориро ба роҳ мондаанд.

Соли 2017 олимони институт, инчунин дар омӯзишу муайян намудани растаниҳои шифобахши мамлакат ба комёбиҳои назарраси илмӣ ноил шуданд. Омӯзиш ва таҳлил нишон дод, ки танҳо дар ноҳияи Балҷувон зиёда аз 85 намуди растаниҳои шифобахш мавҷуд аст. Ба ғайр аз ин, дар минтақа бори аввал бештар аз 40 намунаи гербарияҳои растаниҳои шифобахш ҷамъоварӣ гардида, дар 4 намуди растаниҳои шифобахш миқдори умумии полифенолҳо ва фаъолнокии антиоксидантҳо омӯхта шуд. Бори аввал дар натиҷаи ҳамкориҳои илмӣ таҳлили генетикии КДН-и ду растании шифобахш дар базаи донишгоҳи Ратгерси ИМА гузаронида шуд, ки дастоварди арзанда маҳсуб мешавад. Таҳлили гуногуннамудии растаниҳои шифобахши мавзеъҳои баландкӯҳи Санглох ва Канаск гузаронида шуда, дар байни гиёҳҳои шифобахши мавзеи Канаск намуди нав — Paeonia intermedia — гули маҷаҳ, ки ба қатори растаниҳои нодир дохил мешавад, аз тарафи гиёҳшиносони институт бори аввал дарёфт шуд. Дар давоми сол зиёда аз 3200 варақаи гербарияи растаниҳои нодири Тоҷикистон аксбардорӣ шуда, маълумоти 3000 варақаи гербария ба базаи байналмилалии рақамии Брамс ворид карда шуд, ки доир ба онҳо аз интернет маълумот пайдо кардан мумкин аст.

Олимон инчунин дар мавзеи Косатарош (ноҳияи Варзоб, дар баландии 900 м аз сатҳи баҳр), Санглох (наздикии Обсерваторияи астрономӣ, 2300 м аз сатҳи баҳр), Парваришгоҳи биологии Сиёкӯҳ (2350 м аз сатҳи баҳр) ва қаторкӯҳи Пётри 1 дар ҳамкорӣ бо Институти «Тоҷикзаминсоз» корҳои илмиро доир ба ҳолати чарогоҳ ва истифодаи самараноки онҳо гузарониданд.

Самти дигари тадқиқоти олимон омӯзиши раванди мураккаби фотосинтез ва ба даст овардани навъҳои нави пахта ба шумор меравад. Дар ин ҷода дастовардҳои илмӣ дар ҳамкорӣ бо олимони Институти «Зироаткорӣ»-и Академияи илм­ҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ва Вазорати кишоварзӣ назаррас мебошанд. Дар натиҷа, чанд навъи тезпаз, серҳосил ва ба касалиҳо тобовари пахтаи миёнанах ихтироъ шуданд, ки онҳо дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Фархор, Хуросон ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд кишт мешаванд. Навъҳои серҳосили пахта, аз қабили «Гулистон», «Гулистон-2», «Шавкат-80», «20-солагии Истиқлолият» ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд. Хурсандиовар аст, ки дастовардҳои илмии олимон дар истеҳсолот низ васеъ ҷорӣ гаштанд. Масалан, соли 2017 дар ноҳияи Ҷайҳун дар хоҷагии деҳқонии Аббосободи деҳоти «Қумсангир» баъди ғундоштани ҳосили пиёзи барвақтӣ, 9 май пахтаи миёнанахи ­«Шавкат-80»-ро дар як гектар, дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ, дар хоҷагии тухмипарварии Сафар Ҷумъаеви деҳоти «Узун» баъди ғундоштани ҳосили пиёзи навъи «Тунис» 25 май дар як гектар пахтаи навъи «Шавкат-80»-ро кишт намуданд. Ҳосилнокии пахта дар ин хоҷагиҳо ба 25-30 сентнер расид, ки қобили мулоҳиза аст.

Таҷрибаҳо нишон доданд, ки пахтаи навъи «Шавкат-80»-ро дар минтақаҳои пахтакории вилояти Хатлон ҳамчун навъи зудрас ва серҳосил барои гирифтани ҳосили ду зироат — пиёзу пахта минбаъд истифода намудан имконпазир аст.

Корҳои селексионӣ ва биотехнологӣ доир ба офаридани навъҳои картошка тайи солҳои охир бомуваффақият ба иҷро мерасанд. Картошкаи «Тоҷикистон», ки нисбат ба дигар навъҳо ба касалиҳо ва камобӣ тобовар аст, дар лӯндаҳояш оҳан бештар аст, ки он барои пешгирии камхунӣ мусоидат менамояд. Олимон ҳоло навъи нави картошкаеро, ки дар таркиби лӯндаҳояш йоди бештар дорад, ихтироъ карданд, ки метавонад барои пешгирии касалии ҷоғар кумак расонад. Ин навъи картошка, ки «Нилуфар» номгузорӣ шудааст, аз тарафи Комиссияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъҳо дар назди Вазорати кишоварзии Тоҷикистон санҷида шуд ва ҳосилнокиаш баланд аст. Соли 2017 навъҳои нави картошкаи «Тоҷикистон», «АИ-1», «Рашт» ва «Файзобод» аз тарафи деҳқонони ноҳияҳои Лахш ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар 2,5 ҳазор гектар кишт шуда, аз онҳо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шуд.

Шоёни қайд аст, ки кормандони институт бо олимони Институти химияи АИ ҶТ ба номи Н. И. Никитин ба омӯхтани таъсири суперфосфати аз кони Қаратоғ ҳосилшуда шурӯъ карданд. Таҷрибаҳо собит сохтанд, ки дар оянда он метавонад дар парваришу ба даст овардани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ саҳми босазо дошта бошад.

 Акобир МИРЗОРАҲИМОВ,

директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании

АИ Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, доктори илми биология, профессор,

Ҳомидҷон АБДУЛЛОЕВ,

ҷонишини директор оид ба илм ва таълим, доктори илми биология, профессор,

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ, сарходими илмӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ