Хоҷагии деҳқонии «Сӯфиён»-и ноҳияи Рашт (роҳбараш Қурбоналӣ Носиров) дорои ҳафт гектар замин мебошад. Дар он зироати гуногуни кишоварзӣ парвариш меёбад.
Дар хоҷагии деҳқонии мазкур ба кишти ғалладона аҳамияти зиёд дода мешавад. Аз ғаллаи тухмии ин хоҷагӣ кишоварзони дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ низ истифода мебаранд.
Дар сурат: роҳбари хоҷагии «Сӯфиён» Қурбоналӣ Носиров дар ғаллазор.
Суратгир М.РИЗВОНОВ