Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи озод намудани судяҳо

№6 (3800) 13.01.2018

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Абдуллозода Орзу Зинатулло аз вазифаи муовини раиси Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон,

Қурбонзода Иброҳим Мирхон аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо озод карда шаванд.

 Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 10 январи соли 2018, №981