Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Абдулло Орипов

№6 (3800) 13.01.2018

39580921202_d78eb62cd3_o10 январи соли 2018 дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқоти судманду созанда изҳори умед намуданд, ки ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва оид ба масъалаҳои марзи давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор мешаванд ва натиҷаи кори онҳо омили муҳими таҳкимбахшандаи муносибатҳои дӯстонаю самимӣ мегарданд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикис­тон ба рушду густариши бештари муносибатҳои байнидавлатӣ бо Ӯзбекис­тон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои дар оянда ба сатҳу сифати нав расондани ин равобит, ки дар маркази таваҷҷуҳи сарони ду давлати дӯсту бародар қарор доранд, талош ба харҷ хоҳад дод.

Дар мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмии комил сурат гирифт, масъалаҳои муҳими равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла вобаста ба рафъи маҳдудиятҳои тиҷоратӣ, содагардонии низоми рафтуомади шаҳрвандон, коҳиш додани тарифҳои интиқоли молу маҳсулот, барқарорсозии роҳҳои оҳани мавҷуда, поксозии минтақаҳои минабандишудаи сарҳад, ифтитоҳи гузаргоҳҳои мавҷудаи сарҳадӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба марзи давлатӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ бо Ӯзбекистон дар масъалаи истифодаи баманфиати захираҳои обу энергетикӣ таъкид намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ вобаста ба ин масъалаи муҳим барои давлатҳои минтақа мушкилот эҷод накардааст ва пайваста хостори ҳамгироии бештари давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар соҳаи обу экология мебошад.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Форуми соҳибкорону тоҷирон дар кишварҳои ҳамдигар, инчунин ба роҳ мондани хатсайри ҳавоӣ дар масири Душанбе — Тошканд аз муҳимтарин иқдомҳои сарони ҳар ду давлати дӯсту бародар ва ҳамсояи наздик дар як соли охир арзёбӣ шуд, ки дар таҳкими муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангиву инсонӣ нақши муассир гузоштанд.

Дар мулоқот, ҳамчунин масоили ҳамдастии ду давлат дар мубориза ба хатару таҳдидҳои номатлуби минтақа ва ҷаҳон, аз қабили терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо умедвории худро аз ояндаи бобарори муносибатҳои дӯс­тонаю самимии Тоҷикистону Ӯзбекис­тон дар ҳамаи соҳаи мавриди таваҷ­ҷуҳ изҳор дошта, барои тақвияти заминаҳои қарордодию ҳуқуқии робитаҳои байндавлатию байниҳукуматӣ изҳори омодагӣ намуданд.

www.president.tj