17 августи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Индонезия Сусило Бамбанг Юдҳоёно барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Дар иртибот ба фаро расидани ҷашни миллии кишвари дӯст сарфарозам Шумо ва мардуми Индонезияро сидқан табрику муборакбод гӯям.
Бо қаноатмандӣ метавон иброз дошт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ байни ду кишвар равобити ҳасанаи сифатан нави байнидавлатӣ ташаккул ёфта, дар такя ба сатҳи баланди эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ масири густариши зина ба зинаро касб карданд.
Имрӯз Тоҷикистон ва Индонезия имкониятҳои хеле ҳам зиёди тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи худро доро гардидаанд ва мутмаинам, ки мавриди татбиқ қарор додани онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои халқҳои ба ҳам дӯсти мо мебошад.
Дар ин рӯзи саид ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил, пирӯзиву муваффақият ва ба мардуми дӯсти Индонезия сулҳу субот ва шукуфойӣ таманно дорам».
***
19 августи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷалолатмаоб!
Имкони хубе бароям муяссар шудааст, ки Шумо ва мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба муносибати фаро расидани иди миллӣ – 94 –умин солгарди истирдоди истиқлолияти давлатии кишвар самимона табрику таҳният гӯям.
Муносибатҳои мутақобилан судманди байни кишварҳои мо бар асари саъю талошҳои муштарак арсаҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи мавриди таваҷҷуҳи якдигарро фаро гирифта, имрӯз дар марҳилаи рушди устувори худ қарор доранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушду тавсеаи бештари муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои мухталиф таъкид намуда, омодагии хешро барои идомаи мунтазами муколамаи созандаи байни ду давлати дӯсту бародар дар сатҳҳои гуногун иброз менамоям.
Мо таҳкиму густариши бемайлони ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Афғонистонро, ки ба арзишҳои волои ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвари ҳамсоя такя мекунанд, ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии ҳар ду ҷониб дониста, ба дурнамои онҳо бо назари нек менигарем.
Бо камоли масаррат ва таманнои хушрӯзиву пирӯзӣ, сулҳу субот ва комёбиҳои рӯзафзун ба мардуми дӯсти Афғонистон, ба Шумо, Ҷалолатмаоб, сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва пешрафту муваффақиятҳои нав ба нав орзумандам».