Мулоқот бо хонум Ребека Гринспан

№104 (3089) 20.08.2013

IMG_0384-Кабули ООН.16.08.13

16 августи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), муовини Мудири Барномаи рушди СММ хонум Ребека Гринспанро, ки ба Тоҷикистон барои омодасозии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об ва иштирок дар он ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Хонум Ребека Гринспан доир ба муносибати Тоҷикистон ба ин ҳамоиши муҳими глобалӣ, ки дар доираи чорабиниҳои «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» баргузор мегардад, таассуроти худро баён дошта, ба сатҳи омодагиҳо баҳои баланд дод. Ӯ ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишварро бо дастовардҳои намоёни рушд, аз ҷумла дар соҳаи маориф ва коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ табрик гуфт.

Ребека Гринспан, аз ҷумла изҳор дошт: «Мо пешсафию пешоҳангии Шумо, муҳтарам Президент ва кишвари шуморо дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бори дигар таъкид менамоем, зеро Шумо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвоқеъ дар ҳаллу фасли масоили глобалии вобаста ба рушд, хусусан дар соҳаи об пешвоед».

Бо ишора ба мушкилоти ҷумҳурии мо дар самти таъминот бо неруи барқ Хонум Гринспан изҳор дошт, ки барои татбиқи иқдоми Дабири кулли СММ – «Энергияи устувор барои ҳама» низ Тоҷикистон кишвари пилотӣ (озмоишӣ) пазируфта шудааст ва изҳори боварӣ намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмаку дастгирии худро барои бартараф намудани ин мушкилӣ дареғ намедорад.

Хотиррасон гардид, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об беш аз 900 нафар сиёсатмадорон ва олимону коршиносони бахшҳои гуногуни вобаста ба об ва ҳифзи муҳити зист  зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои сершумори байналмилалию минтақавӣ иштирок хоҳанд дошт. Танҳо аз СММ ҳафт муовини Дабири кулли он ва мутахассисону масъулони сершумори дигар ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди устувор ҳамкории босамарро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид тақозо мекунад».

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимнан ба ҳамкории ниҳодҳои СММ, аз ҷумла Барномаи рушди он бо Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳои судбахши ду ҷониб минбаъд густариши бештар пайдо мекунанд.

www.prezident.tj