ВМКБ.( Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Ҳунарпешагони Театри мазҳакаи мусиқии Хоруғ ба номи М. Назаров иборат аз ду гурӯҳ бо барномаи консертӣ ва намоишномаи мазҳакавии «Меҳрӣ»-и драматурги туркман О .Таган, дар таҳияи Парпишо Қимматшоев, ба навоҳии вилоят ба сафари ҳунарӣ баромаданд. Дар намоишнома рӯзгори феълии мардум, муносибат байни инсонҳо, камбудию норасоиҳои ҷомеаи имрӯза тариқи мазҳака хеле ҷолиб ба саҳна гузошта шудааст. Беҳтарин ҳунарпешагони театр Ҷобиршоҳи Хубоншоҳ нақши Оймурод, Аноргул Қурбонмамадова- Меҳрӣ, Сураҷ Сафаралибеков- Алмос, Саидназар Ҳаловатов- ронандаи таксӣ, Мутриб Шоискандаров- пирамард ва Ҷамшед Ҳакимов- нақши чӯпонро хеле табиӣ ва моҳирона офаридаанд. Ин намоишномаро сокинони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошиму Роштқалъа аллакай тамошо карданд. Сафари ҳунарии гурӯҳи консертӣ бо роҳбарии Мазор Ёрбеков аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфта, дар навоҳии Рӯшону Роштқалъа идома меёбад.
Фаъолияти иттилоотии мо ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ бояд бамаротиб беҳтар карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон