БОБОҶОН ҒАФУРОВ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар деҳоти «Хистеварз» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода маркази фарҳангӣ-фароғатии «Тоҷи заррин» ба истифода дода шуд.
Ба муносибати ифтитоҳи ин марказ дар он тӯйи суннатии 24 нафар кӯдакон ва тӯйи хонадоршавии арӯсу домоди ҷавон аз оилаҳои камбизоати деҳот барпо гардид.
Раиси вилоят дар ҷамъомади тантанавӣ дастгирии оилаҳои камбизоат ва кӯдакони ятиму бепарасторро, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдукарим Одинаев амалӣ гардид, кори хайру савоб ва барои дигарон намунаи ибрат арзёбӣ кард.