ФАЙЗОБОД. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Дар беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод шуъбаи табобати бемориҳои қалб иборат аз 15 кат ба фаъолият шуруъ кард. Дармонгоҳи қалб бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Алҳол дар ноҳия 49 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаи марказии дорои 175 кат, беморхонаҳои минтақавии Меҳробод ва Мискинобод, 13 марказ ва 29 хонаи саломатӣ, панҷ маркази соҳавӣ амал менамояд, ки дар онҳо 94 нафар духтурон ва 343 нафар ҳамшираҳои тиббӣ фаъолият доранд.
Фаъолияти иттилоотии мо ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ бояд бамаротиб беҳтар карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон