Аз 15 то 21 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Москва Намоишгоҳи байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд, ки дар он намунаи маҳсулоти ҳунармандони тоҷик низ аз ҷониби ширкатҳои ҷумҳурӣ муаррифӣ гардид.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Ширкати «Etnos Borld» навъҳои гуногуни ашёи баландсифати сангину кордҳои нодир ва бренди «Buta»-и Нигора Насимова зиёда аз 20 номгӯйи маҳсулоти рӯзгор аз атласу адрас, мағозаи «туҳфаҳои аҷоиб»-и шаҳри Душанбе маҳсули дастони ҳунармандони тоҷикро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони шаҳри Москва намуданд. Тайи як ҳафта намояндагони миллатҳои гуногун имкон пайдо намуданд, ки бо ҳунарҳои мардумии кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистони куҳантаърих, аз наздик шинос шаванд ва ҳамчунин, молу маҳсулоти писандидаашонро харидорӣ намоянд.
- Тамоми маҳсулоти ватании ба намоишгузошташуда дар сатҳи баланди касбӣ омода гардида, нисбат ба молҳои пешниҳоднамудаи дигар давлатҳо аз ҷиҳати сифату тарзи дӯхт фарқкунанда буд, - қайд шудааст дар хабари Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР.
Дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» муаррифии кишвар дар ҳамоиши байналмилалӣ аз ҷониби коршиносон айни муддао арзёбӣ гардид.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»