Мусоҳиба бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паём ба чанд самт, аз ҷумла сиёсати байналмилалӣ, диққати махсус зоҳир намуда, аз вазъи кишварҳои ҳамсоя ва баъзе давлатҳо изҳори нигаронӣ карданд…
- Дарвоқеъ, вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии аксар кишварҳои ҷаҳон номуътадил ва нигаронкунанда аст. Чолиш ва «кӯшиш»-ҳои бархе аз кишварҳо вазъиятеро ба вуҷуд овардааст, ки ҳатто давлатҳои муқтадири ҷаҳон аз зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм, эмин буда наметавонанд. Тавре ки Пешвои миллат ҳамеша зикр мекунанд, терроризм миллату дин надорад. Амали гурӯҳи террористии ДИИШ на ба дини мубини Ислом алоқа дораду на ба ягон меъёри ахлоқӣ рост меояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори сулҳу ваҳдати ҳамешагист, чунки Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мушкили зиёдро аз сар гузаронд. Сабақи ҷанги шаҳрвандӣ кифоя аст, ки ба ҷаҳониён бигӯем, то ба қадри сулҳу оромӣ бирасанд. Махсусан, ба Афғонистон. Оромии ин кишвари ҳамсоя барои ҷумҳурӣ аҳамияти калон дорад ва барои барқарории сулҳ дар ин кишвар ҳар коре, ки дар тавони мост дареғ нахоҳем дошт. Барқарор шудани сулҳу оромӣ дар ин давлат барои кишварҳои минтақаи Аврупову Амрико низ хеле муҳим мебошад. Дар Паём зикр шуд, ки моҳи май дар ҳамкорӣ бо СММ, Иттиҳоди Аврупо ва САҲА барои мубориза бар терроризму ифротгаройӣ дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар конфронси мазкур намояндагони кишварҳои ҷаҳон ширкат варзанд.
Масъалаи дигаре, ки дар Паём ироа шуд, зикри ташаббусҳои Тоҷикистон доир ба масъалаҳои марбут ба об дар арсаи байналмилалист. Тавре ки маълум аст, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон гаштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» пазируфта шуд. Дар Рӯзи ҷаҳонии об — 22 марти соли 2018 раванди татбиқи ин ташаббус расман оғоз мегардад. Вобаста ба ин, дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, ҷумҳурии мо, чорабиниҳои гуногун доир карда мешаванд. Баргузории барномаи мазкур Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ташаббускору башардӯст муаррифӣ менамояд.
Нуктаи муҳими дигаре, ки дар Паём таъкид шуд, рушди дипломатияи иқтисодӣ мебошад. Масъалаи мазкур яке аз самтҳои дигари афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад ва аз ин ҷост, ки Пешвои миллат ба он диққати ҷиддӣ доданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд усулҳои нави дипломатияи иқтисодиро коркард ва бозомӯзӣ намуда, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ аз ин навъи дипломатия ба таври комил истифода хоҳад кард. Ҳукумат барои инкишофи соҳаҳои гуногун «Стратегияи миллии рушд барои то давраи соли 2030»-ро қабул кардааст. Дар доираи он барои иҷрои барнома ва лоиҳаҳои муҳим Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ниҳодҳои дахлдорро зарур аст, ки ҳар чӣ бештар бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии молиявию қарзӣ ҳамкориро тақвият бахшанд.
- Парламенти Тоҷикистон бо кадом кишварҳо робитаи байнипарлумонӣ дорад?
- Дар 26 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо пеш гирифтани сиёсати дарҳои кушода тавонист, ки бо аксар давлатҳо робита барқарор намояд. Дар ин самт фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ хеле назаррас аст. Имрӯз бо мақсади таҳкиму густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумонҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир, Фаронса ва дигар кишварҳо гурӯҳҳои дӯстӣ ва комиссияҳои ҳамкорӣ таъсис додааст.
Бо Ассамблеяи байнипарлумонии САҲА ҳамкорӣ мекунем ва дар он вакилони Маҷлиси намояндагон ҳузури густурда доранд. Ҷоиз ба зикр аст, ки чанд қонуни аз ҷониби парламенти Тоҷикистон қабулшуда барои омӯзиш ба ин Ассамблея пешниҳод шудааст. Ҳамчунин, бо парлумони Иттиҳоди Аврупо ҳамкории зич дорем. Дар комиссияи муштараке, ки байни парлумони Иттиҳоди Аврупо ва Маҷлиси намояндагон амал мекунад, соли 2017 дар Брюссел ҷаласаи шашум баргузор гашт ва мо бо ҳамкасбонамон масъалаҳои доғи ҷаҳон, аз ҷумла мубориза алайҳи терроризм, барқарории сулҳ дар Афғонистон ва ҳамкориҳои бевосита бо ҷомеаи шаҳрвандиро баррасӣ кардем.
- Яке аз самтҳои фаъолияти вакилон робита бо интихобкунандагон аст. Онҳо бештар бо кадом масъалаҳо ба шумо муроҷиат мекунанд?
- Бештар дар бораи ин ё он мушкили зиндагӣ муроҷиат менамоянд. Мо ҳам то ҷое, ки имкон ҳаст, пайи иҷрои дархости онҳо меравем. Муроҷиатҳои хаттиву шифоҳии имрӯзро агар ба даҳ соли пеш муқоиса намоем, куллан фарқ мекунанд. Он солҳо агар мушкили мардум барқу об ё роҳҳои вайронаву валангор буд, ҳоло аксар аз надоштани варзишгоҳ, клубҳои фарҳангӣ, китобхона ва амсоли ин шикоят мекунанд. Аз ҷумла, сокинони деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент аз надоштани варзишгоҳ муроҷиат карданд. Ҳамчунин, яке аз калонтарин деҳаҳои водии Зарафшон — Урметан низ аз надоштани варзишгоҳ танқисӣ мекашад. Бисёр умед доштем, ки дар соли ҷавонон ин мушкил ҳал мешавад, мутаассифона он то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Масъалаҳои дигар, аз ҷумла проблемаи роҳ ба ҷуз роҳи Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ, қариб аз байн рафтааст. Дар ин маврид ҳам мардум бисёр муроҷиат мекунанд. Ин роҳ ҳудуди сад километро дар бар мегирад. Мо бо мутахассисони Вазорати нақлиёт ҳамсуҳбат шудем, тарҳи лоиҳаи роҳи мазкур омода шудааст ва дар ҳолати пайдо шудани маблағ корро шурӯъ мекунанд. қобили зикр аст, ки дар сурати беҳтар шудани вазъи роҳ дар ин минтақа, вобаста ба пешниҳоди Пешвои миллат оид ба «Соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани соли 2018, дар самти рушди сайёҳӣ қадами устувор хоҳем гузошт, зеро водии Зарафшон, махусусан қисмати ноҳияи Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ дараҳои зебову обҳои шифобахш доранд.
- Матбуот дар тарғиби ормонҳои миллӣ чӣ нақш дорад ва парлумони кишвар барои фароҳам овардани фазои мусоид ба ин соҳа чӣ корҳоро ба сомон расонидааст?
- Матбуот дар тарғиб ва амалӣ сохтани ормонҳои миллӣ нақши калон дошту дорад. Матбуоти тоҷик имрӯз дар муқоиса ба кишварҳои ҳамсоя фазои бамаротиб озодтару мусоидтарро дорост ва ин озодӣ аз моддаи 30-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Аҳли қалам 5 сол қабл даъво мекарданд, ки ба гирифтани иттилоот дастрасӣ надоранд ё аз мақомот батаъхир иттилои зарурӣ дарёфт намекунанд. Ба ин хотир, соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» тағйирот ворид карда шуд. Дар қонун барои дарёфти иттилоот аз 1 то 3 рӯз муҳлат муқаррар шуд, ки хеле кӯтоҳ мебошад ва ин таҷриба дар Россия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мавҷуд аст. Хуб медонем, ки агар иттилоъ сари вақт ба дасти рӯзноманигор нарасад, он гоҳ навиштану нишон додан маъно надорад.
Мусоҳиб Ҷамшеди Сабоҳиддин,
«Садои мардум»