Дар асл онҳое шомили ин ҳизб мешаванд, ки маълумоти кофӣ ва ё саводи казойӣ надоранд, дар ҳаёт ноустувор ва мавқеи номуайянро ишғол карда, маънии зиндагиро дар афкору андешаи худхоҳӣ ва ҷоҳталабӣ мебинанд. Онҳо чун дастгоҳи худкор (робот), аз рӯйи дастури дигарон он чӣ ки дар зеҳнашон ҷой кардаанд, супориши роҳбаронашон, яъне амиронро иҷро менамоянд.
Чунин афродро метавон барои амалу кирдор-ҳои зишту бераҳмона, қатлу куштор ва амалҳои террористӣ, ки дар худ пайомади ногувор дорад, истифода намуд. Ин тоифа эҳсоси раҳму шафқат ба кӯдакону калонсолон, ҳатто наздикони худро, надоранд. Эшон мехоҳанд ҳокимият ва хилофате бунёд намоянд, ки дар он танҳо худашон бо мафкураи тираву тор, зулму истисмор, дар банди ҷаҳолат бо поймол сохтани ҳуқуқи дигарон зиндагӣ кунанд. Онҳо ончунон ғуломи хоҷагони худ гардидаанд, ки бе амрашон бо касе ошкоро ҳарф намезананд, ҳатто бо наздикони худ ва ҳеҷ гоҳ дар назди дигарон номи худро ба забон намеоранд. Аъзои ин ҳизб бо ҳамдигар ҳарфи зиёд намезананд ва ҳар амре, ки аз боло мешавад, онро ба ҳамдигар мерасонанд.
Бо роҳи паҳн намудани адабиёти иғвоангез ба тарғибу ташвиқи ғояҳои ифротгаройӣ машғул гардида, мардумро барои барҳам задани сохти давлатдорӣ ба ҷиҳод даъват мекунанд.
Шаклҳои мубориза барои ноил шудан ба ҳадаф гуногун буда, аз ташкили сохтори ҳизб ва китоби «Низоми Ислом», ки барояшон ҳамчун дастурамал хизмат мекунад, маълум мешавад. Барои расидан ба ин мақсад, ҳама гуна роҳҳо, аз ҷумла роҳи зӯроварӣ ва истифодаи муборизаи мусаллаҳонаро роиҷ медонанд. Даъват ба ҷиҳод аз мақ-садҳои онҳо буда, аз рӯйи барномаи ташкилоти мазкур оламро ба ду системаи ба ҳам мухолиф ва доим дар мубориза буда, яъне «Дор-ул-Ислом» ва «Дор-ул- Куфр» ҷудо кардан аст.
Барои пинҳон доштани ҳадафу мақсадҳои иғвоангези худ аз номи ислом баромад намуда, нафарони соддаву гумроҳро ба доми хеш кашиданӣ мешаванд.
Аъзои ин ташкилот дар Тоҷикистон бо бурдани ташвиқоти нодуруст ва тарғиботи иғвоангез ҳукуматро муттаҳам карданӣ мешаванд, ки гӯё ҳуқуқи мусулмонон ин ҷо маҳдуд ва манфиатҳои онҳо сарфи назар мешавад, аммо нодида мегиранд, ки дар даврони Истиқлолият ва чанд соли охир чӣ қадар корҳои хайру нек ба нафъи сокинони кишвар анҷом дода мешавад.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми шароитро барои мусулмонони кишвар муҳайё намудааст, то эшон аз дини мубини худ бархӯрдор гардида, андеша ва афкори худро барои тарбияи инсонҳо, ба роҳи дуруст ҳидоят намудан ва рӯзгори шоиста ба сар бурдан, роҳандозӣ намоянд. Мутаассифона, нотавонбинӣ, заифию ноустуворӣ ва ҷоҳталабӣ дар замири баъзе зархаридон ончунон асар кардааст, ки онҳо дастуру супоришҳои хоҷагони худро, ки ҳазорҳо фарсах дур аз ватани аҷдодиамон аст, ин ҷо пиёда сохтанӣ мешаванд.
Ислом ба ҳеҷ ҳизбу ҳаракат ниёз надорад. Он бояд дар қалб ва вуҷуди инсонҳо ҷойгузин бошад. Ибодаткунандагон бо ба ҷой овардани фарзу суннатҳои он дар қалби дигарон эҳсоси раҳму шаф-қат, вафодорӣ, тараннуми рӯзгори покиза ва эҳтиром ба дину мазҳабҳои дигарро бедор кунанд. Набояд он анъана ва расму русуме, ки ҳазорсолаҳо дар дилу дидаи мардум нишаста буд, бо пешниҳоду даъвои чанд нафар аз миён бардошта, арзишҳои маънавии давлату миллат ба нестӣ бурда шаванд.
Мардум пайомади кору амали ҳизбу ҳаракат-ҳо, чун «Ҳаракати толибон», «Ҳизбии исломии Туркистон» ( собиқ «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»), «Ихвон-ул- муслимин, «Лашкари тайиба», «Ҷамъияти исломии Покистон», «Ҷамъияти Таблиғ», «Ҷамъияти Ансоруллоҳ» ва ғайраро, ки ҳамчун созмонҳои террористӣ эътироф шудаанд, хуб медонанд. Аз дасти аъзои ин ҳизбу ҳаракатҳо дар дунё ҳамарӯза даҳҳо нафар одамони бегуноҳ, занону кӯдакон ва мӯйсафедон ҷони худро аз даст дода, садҳо нафар бехонаву дар ва сарсону саргардон мегарданд. Анҷом додани инфиҷору таркишҳои марговар, қатлу куштори ваҳшиёна дар Сурия, Ироқ, Покистону Афғонистон ва дигар кишварҳо кору амали узви ин гуна ҳизбу ҳаракатҳое мебошад, ки ба хотири ҷоҳталабӣ ва сари қудрат омадан, ба амал бароварда мешаванд.
Аъзои ин ҳизб, ки дар гӯшаву канори олам идораву ташкилоти худро доранд, бо ташвиқу тарғиботи ақидаҳои ифротгаройӣ вазъро дар дохили кишварҳое, ки он ҷо фаъолият менамоянд, душвор месозанд. Барои огоҳ шудан аз мақсаду ниятҳои экстремистии ин ҳизбҳо кофист назаре ба сомонаҳо кард.
Тоҷикистон низ аз пайомади кору амали аъзои ин гуна ҳизбҳо орӣ намебошад, зеро дар 10-15 соли охир даҳҳо нафар аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир» бинобар киштани тухми нифоқ ва ҷудоӣ дар миёни сокинони кишвар, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Парвандаи ҷиноятии айбдоршаванда Азимов Давлатмуроди 33- сола, сокини ноҳияи Файзобод, ки қаблан бо моддаҳои 187 ва 189 қ. 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати нуҳ сол ҳабс шуда буд, дар суди шаҳри Душанбе баррасӣ гардида, номбурда такроран тибқи моддаи 189 қ. 3 гунаҳкор ва ба муҳлати панҷ сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Шаҳрванд Азимов Д., моҳи ноябри соли 2011 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш дар масҷиди Новокузнетскии шаҳри Москва бо аъзои фаъоли ташкилоти экстремистии пинҳон-амалкунандаи «Ҳизб-ут-таҳрир» бо номи Абдураҳим шинос шуд. Абдураҳим барои бо дигар аъзои ҳизб робита барқарор кардан, рақами телефони мобилии А. Абдуҷалолро ба ӯ медиҳад. Пас аз баргаштан ба шаҳри Душанбе Давлатмурод дар маҳаллаи Гипрозем хонаеро ба иҷора гирифта, бо супориши Абдураҳмон ба фаъолияти ғайриқонунӣ машғул гардид. Моҳи августи соли 2012 ӯ бо узви фаъоли ҳизби номбурда А. Абдуҷалол вохӯрда, аз ӯ 200 варақаи хусусияти тарғиботи реаксионӣ доштаро мегирад. Давлатмурод 100 адад варақаро ба узви дигари ҳизб Норов А. дода, боқимондаашро дар маҳаллаи 101 ва дар биноҳои истиқоматии маркази савдои «Саодат» паҳн мекунад. Дар рафти чораҷӯйӣ ҳангоми паҳн намудани варақаҳо ӯ дастгир гардид.
Бояд зикр намуд, ки мувофиқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 фаъолияти «Ҳизб-ут-таҳрир» ҳамчун ҳизби ғайриқонунӣ амалкунанда ва бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз11 марти соли 2008 он ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст. Вале, ашхоси ҷиноятпешаву тундгаро сарфи назар аз ин талабот, қасду ҳаракати душманонаи худро идома дода, ваҳдату якпорчагии кишварро зери хатар мегузоранд.
Моҳи июли соли 2012 пешсудшуда Ҳаётов Шуҳратҷон, ки қаблан барои содир кардани ҷинояти роҳзанӣ ҳабс гардида буд ва Маҳмудов Ҳошимҷон аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардиданд. Аз манзили иҷоравии Ҳаётов Ш. варақа ва фитаҳои иғвоангез ёфт гардиданд.
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе айбдоршавандагон Маҳмудов Ҳошимҷон, истиқоматкунандаи ноҳияи Б. Ғафуров ва Ҳаётов Шӯҳратҷон, сокини шаҳри Душанберо, ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум намуд.
Ҳар фард дар ҳаёт бояд ба ақли солим ва хиради олӣ такя намуда, бо назардошти арзишҳои баланди инсонӣ корҳоеро анҷом диҳад, ки ба нафъи ҷомеа ва мардум бошад.
З.ҶУРАЕВ, ёрдамчии калони прокурори ш. Душанбе, мушовири адлияи дараҷаи 2,
Ҷ.САДРИДДИНОВ, корманди ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон