Набзи маориф

БЕМАСЪУЛИЯТӢ

№104 (3089) 20.08.2013

Чаро  намояндагони ноҳияҳои Бохтар ва Абдураҳмони Ҷомӣ дар озмуни вилоятии «Муаллими сол» иштирок накарданд?

 Дар мактаби навсохти  таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-юми ноҳияи Восеъ озмуни вилоятии «Муаллими сол» баргузор гардид. Субҳи барвақт иштирокчиёни озмун вобаста ба талаботи низомномаи он дар гирду атрофи мактаб намунаи корҳои эҷодии худро ба намоиш гузошта, интизори кушодашавии озмун шуданд. Соати 11 ҷонишини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Раҷабалӣ Шокиров озмунро кушода, ба иштирокчиёни он барор хост. Сипас, гурӯҳи ҳакамон ба фаъолият оғоз карда, дар гӯшаҳои орододаи иштирокчиён  бо ҳар кадоми онҳо аз хусуси корҳои эҷодиашон батафсил суҳбат намуданд.

Мушоҳида намудем, ки ба ҳакамони озмуну ҳозирин дидани намоиши корҳои эҷодии  Рӯзимат Иззатуллоев- муаллими фанни риёзии литсейи  ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб, Гулнора Авезова- муаллимаи фанни физикаи ноҳияи Ҷиликӯл, Давлатшоҳ Назаров- муаллими фанни риёзии шаҳри Норак, Ҷурахон Мавлонов- муаллими фанни физикаи  ноҳияи Восеъ хеле писанду мақбул афтодааст.

Бахусус гӯшаи корҳои эҷодии довталаб Рӯзимат Иззатуллоев бештар аз ҳама диққатҷалбкунанда ба назар мерасид. Беҳтарин дастоварди муаллим Р.Иззатуллоев ороиши ҳамон дарахти фаъолияти ӯ аст. Дар ҳар шохаи он расми он шогирдоне овезон аст, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии хонандагон медалҳои тиллову нуқра ва биринҷиро соҳиб гаштаанд. Агар мо талаботи баъдинаи озмунро сарфи назар намоем, маҳз ҳосили ҳамин дарахти ба намоиш гузоштаи муаллим гувоҳи бечунучарои муаллими беҳтарини соли вилоят будан аст. Ҳамчунин мебинем, ки муаллими довталабро чанд тан аз шогирдон, директори муассисаи таълимӣ Қурбоналӣ Сайдалиев ва дар анҷоми намоиш бошад, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Пирмурод Сабуров кӯмаку ҳамроҳӣ менамоянд. Ин гуна муносибати нек ва саршор аз масъулиятро аз ҷониби маорифчиёни шаҳри Кӯлоб дида, тааҷҷубамон ба муносибату мавқеи  мудирони шуъбаҳои маориф, бахусус масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии он ноҳияҳое, ки дар рӯзи аввали озмун намояндагонашон иштирок надоштанд, бештар аз пештар меафзояд. Чӣ гуна мешавад,  ки намояндагон аз ноҳияҳои дурдасти Носири Хусраву Шаҳритуз сари вақт омада, аз сари субҳ ба озмун омодагӣ мегиранд, аммо аз маркази вилоят -шаҳри Қӯрғонтеппа  ва ноҳияи ҳампаҳлуи он — Бохтар касе иштирок карда наметавонад?

Рӯзи дуюм озмуни «Муаллими сол» ҷамъбаст  шуд. Раиси ҳакамон Р.Шокиров дар ибтидои натиҷагирии озмун зикр намуд, ки озмун бо иштироки намояндагони 19 шаҳру ноҳияи вилоят  шурӯъ гашта, дар рӯзи дуюм шумораи он ба 23 адад расид. Намояндагони ноҳияҳои боқимонда, ба амсоли Абдураҳмони Ҷомию Бохтар, бо сабабҳои номаълум  иштирок накарданд,- вазъи ташкилиро шарҳ дода, гуфт сарвари ҳакамон.

- Сабабҳои ширкат наварзидани намояндагони ноҳияҳои мазкур маълуманд,- ба рафти натиҷагирии кори  озмун ҳамроҳ шуда, арз намуданд  сардори Раёсати маорифи вилоят Хоналӣ Қурбонзода. — Сабаби ин, қабл аз ҳама, бемасъулиятии мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои номбурда ва масъулони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии онҳост.

Сарвари ҳакамон натиҷаҳои комёбгаштаи иштирокдорони озмунро баррасӣ намуда, аз натиҷаҳояш  он қадар изҳори хушнудӣ накарданд. Маълум шуд, ки довталабони озмуни «Муаллими сол»- и вилоят на ҳама холҳои заруриро соҳиб шудаанд. Бештари холҳоро намояндагони дар боло ишорашудаи  шаҳрҳои Нораку Кӯлоб ва ноҳияи Ҷиликӯл соҳиб гардиданд.  Сарвари маорифчиёни вилоят дар хусуси довталаби ноҳияи Ҷиликӯл чунин гуфт:

-Гулнора Авезова воқеан ҳам беҳтарин муаллимаи вилоят аст, аммо дар донистани забони давлатӣ мушкилӣ дорад. Боварӣ дорам, ки дар озмуни минбаъда Гулнора ин мушкилоташро рафъ менамояд, зеро донистани забони адабии тоҷикӣ, як талаби асосии озмун аст. Гулнора Авезоваи   туркманзабон дар посухи ин эроди воқеӣ арз намуд, ки алҳол ӯ ба хотири ин нуктаи озмун, дар       синфҳои тоҷикии мактаб ба шогирдон  аз фанни физика дарс мегӯяд ва забони адабии тоҷикиро дар сарҳади аз бар кардан аст.

Дар рафти натиҷагирӣ ишора гардид, ки иштирокчиёни озмун фаъолият намудан  дар техникаи компютериро ба таври зарурӣ  наомӯхтаанд ва дар сурате ки  нақшаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии  вилоят 90,4 фоизро ташкил мекунад, ин ҳолат боиси қаноатмандӣ нест.

Чаро озмун бе иштироки намояндагони шаш ноҳия шуруъ гашту дар ниҳояти кор  маорифчиёни сернуфузтарин ноҳияҳои вилояти Хатлон- Бохтар ва Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок накарданд? Аллакай, тавре зикр намудем, сардори Раёсати маорифи вилоят Хоналӣ Қурбонзода ҳини натиҷагирии озмун ба ин суол посух гуфт, вале моро чизи дигар, яъне  мавқею муносибати ашхоси ба ин соҳаи тақдирсоз масъул, ба таҳайюр андохт. Наход масъулони бахши маорифи ноҳияҳои мазкур фаромӯш кардаанд, ки рушди ин соҳа аз ибтидои даврони Истиқлолият дар сиёсати давлатии кишвар дар ҷойи аввал гузошта шуда, ҳиссаи бештари даромади миллӣ ҳам маҳз баҳри рушду нумуи ҳамин соҳаи ояндасоз масраф мегардад. Оё чунин муносибат магар аз рӯйи адолат ва посух ба ин  қадршиносиҳост? Ин гуна муносибати масъулони соҳаро дида, ҳамон мақоли мардумии «аз мост, ки бар мост» ба хотир мерасад. Дар ниҳоят, ин гуна муносибат, пеш аз ҳама, эҳтиром нагузоштан ба касби хеш аст. Боз дар ҳоле ки гоҳҳо аз баланд набудани эътибору нуфузи касби омӯзгорӣ шикоят мекунем…

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»