Аз нишастҳои матбуотӣ

Навиштани эссе дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ

№11 (3805) 27.01.2018

ММТДиректори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ 24 январи соли равон зимни баргузории нишасти матбуотӣ зикр кард, ки  шумораи нуқтаҳои бақайдгирии довталабон соли 2017 нисбат ба солҳои 2014 — 2016 афзуд. Бо мақсади шаффоф ва озод доир намудани бақайдгирӣ соли 2017 дар 50 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар 29 шаҳру ноҳия 33 нуқтаи бақайд­гирии доимӣ ва дар 21 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ  ташкил шуд. Аз шумораи умумии дов­талабони бақайдгирифташуда 42951 нафар  ё 44,49 % -ро духтарон ташкил доданд, ки нисбат ба солҳои гузашта зиёд аст.

Номбурда афзуд, ки соли 2017 дар имтиҳонҳо 90829 нафар иштирок карданд, ки 94,08 фоизи шумораи умумии довталабони азқайдгузаштаро ташкил медиҳад.Таҳлили омории иштироки довталабон дар имтиҳонҳо аз рӯи минтақаҳо солҳои 2014 -2017 нишон медиҳад, ки дар 4 соли баргузориии имтиҳонҳо довталабони шаҳри Душанбе нисбатан фаъол мебошанд.

Таъкид гардид, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2018 эссе (кори хаттӣ) аз фанни забони тоҷикӣ (давлатӣ) дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ҷорӣ карда мешавад. Вобаста ба ин, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуд ва дар ин замина фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба кори хаттӣ (эссе) дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз нав ба роҳ монда шуд.

Сардори шуъбаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Азимов зикр кард, ки солҳои пешин  довталабон дар ҳаҷми 5–6 саҳифа иншо менавиштанд, ки тафтиши онҳо душвориро ба миён меовард. Аз ин хотир, тасмим гирифтем, ки баҳри рафъи ин душворӣ ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи тестӣ кори хаттӣ ё ин ки эссеро ҷорӣ кунем.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз ҷорӣ кардани кори хаттӣ ба имтиҳонҳои дохилшавӣ он аст, ки хонанда андешаашро бо забони адабии тоҷикӣ ва беғалат баён карда тавонад.

Довталаб ё хонанда эссеро бояд дар ҳаҷми ду саҳифаи варақаи андозааш А-4 нависад. Яъне, доир ба мавзӯи пешниҳодшуда фикрашро мухтасар, вале бо далел ва дуруст баён намояд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»