Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар 18 сол беш аз 20 тонна маводи нашъаовар нобуд карда шуд

№11 (3805) 27.01.2018

IMG_9649Аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаришуда 164 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ошкор ва ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 12 ҳолат ё 7,9 фоиз зиёд аст. Муовини директори Агентии назорати  маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазо Ҳайдарзода 14 январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2017 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои  қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 тоннаю 448 килограмм маводи нашъаовар мусодира гардид, ки 1 тоннаю 22 килограмм ё 29,8 фоиз нисбат ба соли 2016 зиёд мебошад.

Кормандони Агентӣ фаъолияти 52 гурӯҳи ҷинояткорро дар ҳайати 115 нафар ошкор ва қатъ гардониданд, ки 5 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи трансмиллӣ буданд. Аз ҷониби  муфаттишони Агентӣ молу мулки ҷинояткорон ба маблағи 920 ҳазору 190 сомонӣ ба ҳабс гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2016-ум 118 ҳазору 115 сомонӣ зиёд аст.

- Соли гузашта бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой 6 амалиёти муштарак гузаронида, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро ошкор ва аз онҳо 210  килограмму 75 грамм маводи нашъадор мусодира намудем, — гуфт Муртазо Ҳайдарзода. — Дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон 13 амалиёти муштарак гузаронида, аз муомилоти ғайриқонунӣ 296 килограмму 822 грамм  маводи нашъаовар мусодира шуд.

Мувофиқи ҳисоботи муассисаҳои табобатии ҷумҳурӣ шумораи шахсони гирифтори бемории нашъамандӣ соли 2017 дар ҷумҳурӣ 6947 нафарро ташкил дод, яъне, нисбат ба соли 2016-ум 1,7 фоиз кам. Соли 2017 ба ҳар 100000 нафар аҳолӣ 81,7 нашъаманд рост омад. Нишондиҳандаи мазкур соли 2016-ум 83,6 нафарро ташкил медод.

Қабл аз баргузории нишасти матбуотӣ дар оташдони махсуси Агентӣ бо тартиби дар қонунгузорӣ муқарраргардида, бо ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ 341 килограмму 196 грамм маводи нашъа сӯзонида шуд.

- Дар 18 соли охир дар оташдон зиёда аз 20 тонна маводи нашъа­овар сӯзонида шудааст, — гуфтанд масъулон.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»