- Аз вилоят 91,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шуд, ки 155 фоизи дурнаморо ташкил дода, нисбат ба соли 2016-ум 356,2 тонна зиёд мебошад, — изҳор намуд раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ. — Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии вилоят ба 16,1 миллиард сомонӣ расид ва суръати афзоиши он 107 фоизро ташкил дод.
- Дар 29 сардхонаи вилоят 1 ҳазору 500 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ захира шудааст, ки дар ҳолати зарурӣ талаботи аҳолиро бо маҳсулоти хушсифат қонеъ менамоянд.
Нақшаи даромадҳои буҷети маҳаллӣ, бо дарназардошти буҷети иловагӣ 103,3 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 950,5 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд. Ин нисбат ба нақша 30,2 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли 2016-ум 134, 7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар вилоят 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 382,9 миллион доллари америкоӣ амалӣ гардида истодааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2017 ба 6,5 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2016-ум 1,7 миллиард сомонӣ зиёд аст, — гуфт Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода.
Ӯ, ҳамчунин оид ба гардиши савдои дохилӣ, савдои хориҷӣ, хизматрасонии пулакӣ маълумот дода афзуд, ки дар соли 2017 дар вилоят ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, 304 иншооти таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сулаймон Султонов,
«Садои мардум»