Аз нишастҳои матбуотӣ

Соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар Душанбе беш аз 11 миллиард сомониро ташкил дод

№14 (3808) 01.02.2018

Муовани Раиси Шахр (3)- Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Душанбе соли 2017  ба 11 миллиарду се миллиону  нуҳсад ҳазор сомонӣ ва суръати афзоиши  он нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум ба 6,2 фоиз  баробар гардида, 18 фоизи ММД-ро ташкил намуд, — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода  Маҳмадсаид  Маҳмуд ва илова намуд, ки истифодаи самараноки иқтидорҳои  нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру  воридотивазкунанда ҷиҳати рушди соҳаи саноати пойтахт заминаи мусоид фароҳам овард.

    Тибқи гузориши Зувайдзода Маҳмадсаид  Маҳмуд дар 467 корхонаи саноатии шакли моликияташ гуногун, бо дарназардошти субъектҳои хусусӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти  саноатӣ ба 1596,8 миллион сомонӣ баробар шуда, афзоиши он нисбат ба як соли пеш 4,9 фоизро ташкил намуд. Соли 2017 дар марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 1029 миллион кВт / соат энергияи барқ  истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2016 якуним маротиба зиёд мебошад.

Истеҳсоли энергияи гармӣ дар ин давра ба 428,2 ҳазор  Гкал баробар гардида, нисбат ба як соли пеш 37,5 фоиз афзудааст. Баъди ба анҷом расидани таъмиру азнавсозӣ 1616 бинову иншоот соҳиби шиносномаи омодагӣ ва бо гармӣ таъмин гардидаанд, ки 105,6 фоизи нақшаро ташкил менамояд.

Ҳамчунин маълум гардид, ки соли гузашта дар пойтахти кишвар шаш иншооти ирригатсионӣ ва 66,4 километр роҳ таъмир ва мумфарш шудааст.

- Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт соли гузашта аз Ҷумҳурии Туркия 64 адад автобуси замонавии истеҳсоли Япония харидорӣ ва мавриди истифода қарор дода шуд. Соли 2018 боз  100 адад автобуси тамғаи «АКIА» аз Ҷумҳурии Туркия харидорӣ ва бандубасти он дар заминаи корхонаи воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед» амалӣ мешавад. Илова бар ин, таъсиси заводи истеҳсоли автобусҳои тамғаи «АКIА» дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, — гуфт Зувайдзода.

А. МУРОДОВ,

«Садои мардум»