25 январи соли равон як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода бо роҳбарият, ҳайати ҷузъу томҳо ва афсарони қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуданд.
Ҷурахон Маҷидзода, аз ҷумла, иброз дошт, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда, пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгаройӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва дигар масъалаҳои муҳими вобаста ба пешрафту шукуфоии кишвар таҳлил гардиданд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки пешрафти ҳар як кишвар аз таъмини амният ва суботи он вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсири таҳдиду хатарҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амният ба рушди ҷомеа сухан гуфта, дар назди хизматчиёни ҳарбӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Аз ҷумла, таъкид намуданд, ки «Дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир хизматчиёни ҳарбии қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки барои ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, ҳифзи суботи сиёсӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ доим омода бошанд».
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар бораи татбиқи қонунҳо, ки ба хизматчиёни ҳарбӣ марбут аст, ибрози андеша намуданд.
Ҷамъомадро фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Бобоҷон Ҷамолзода бо шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи онҳо дар ҷузъу том ва қисмҳои ҳарбӣ, ки бомаром идома дорад, ҷамъбаст намуд.
Дар вохӯрӣ хизматчиёни ҳарбӣ ба саволҳо доир ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон посух гирифтанд.
26 январи соли равон дар толори қисми ҳарбии 07150-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳу эзоҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниддин Сафаров, Анвар Тағоймуродзода, Ҳаёт Одинаев, Хайрулло Суфиев, Аҳмадҷон Қобилов ва Рустам Қудратов бо афсарону сарбозон баргузор гардид.
- Паёми 22 декабри соли 2017 ироанамудаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳодоти мавзӯъ ва вазифагузорӣ аз Паёмҳои солҳои пешин фарқ дошт, — гуфт Зайниддин Сафаров. — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи ҳассоси сайёра, ҷаҳонишавии шадид таъкид доштанд, ки: «…ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад… Дар ин раванд, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад».
Зайниддин Сафаров, ҳамчунин зикр кард, ки хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус вазъи Афғонистони ҳамсоя, водор месозад, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем.
- Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1300 километр сарҳад дорад, ба ин масъала бетафовут буда наметавонад, — гуфт ӯ.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Тағоймуродзода ва Ҳаёт Одинаев оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар қайд карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Дар ин робита вакилон аз Паём мисолҳо оварда, бо пешниҳоди рақамҳои мушаххас андешаронии худро собит сохтанд.
Дар мулоқот, ҳамчунин муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрор Латифзода доир ба нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»