Эмомалӣ Раҳмон бо медали «60 — солагии ЮНЕСКО» сарфароз гардонда шуд

№105 (3090) 22.08.2013

IMG_0155

Нимаи дуюми рӯзи 20 августи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Боковаро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Ирина Бокова ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон медали «60 — солагии ЮНЕСКО» – ро тақдим намуд. Дар паёми расмии ЮНЕСКО дар ин хусус, аз ҷумла омадааст: «Бо эътирофи ҳамбастагии амиқ ба ҳадафҳои поягузории сулҳи устувор ва мусоидат ба рушди босубот, аз ҷумла тавассути ташаб-бусҳо барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи об, муколамаи байналмилалӣ, табодули дастовардҳои илмӣ ва татбиқи босуръати Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва Ҳадафҳои аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пазируфташудаи рушд Созмони маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо медали ҷашнии «60 — солагии ЮНЕСКО» сарфароз мегардонад».

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардидан бо ин мукофоти боэътиборро боиси шарафмандӣ номида, изҳор дошт, ки онро «пеш аз ҳама самараи заҳмату талошҳои пайвастаи тамоми мардуми куҳантамаддуни Тоҷикистон дар роҳи эъмору таҳкими пояҳои давлати навин ва эътибори он дар арсаи байналмилалӣ медонам».

Ба Ирина Бокова ҳамчунин барои ташриф ба Тоҷикистон ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об арзи сипос карда шуд.

Бо ёдоварӣ аз таърихи 20-солаи ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО қаноатмандона таъкид гардид, ки тайи ин давра дар Тоҷикистон як силсила лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои маориф ва илм, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва осори ғайримоддӣ мавриди татбиқ қарор гирифт.

Аз баргузорсозии Ҳамоиши байналмилалии иҷрокунандагони мусиқии классикии «Шашмақом», ворид намудани санаи 1150-солагии Асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллои Рӯдакӣ ба феҳристи Ҷашнҳои ЮНЕСКО, ворид кардани шаҳраки қадимаи Саразм ба феҳристи Мусаввараҳои мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва ба феҳристи Мероси табиии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани «Боғи миллии Тоҷикистон-Кӯҳҳои Помир» арзи хушнудӣ карда шуд.

Ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки барномаву ташаббусҳои дигари пешниҳоднамудаи Тоҷикистон низ дастгирӣ меёбанд. Аз ҷумла ба зарурати таъсиси Бунёди фонди байналмилалии ЮНЕСКО оид ба наҷоти пиряхҳо дар Тоҷикистон, ташкил ва гузарондани экспедитсияи 3-юм ба қаторкӯҳҳои Помир ва ворид намудани сеҳазорсолагии Ҳисор ба Феҳристи ЮНЕСКО дар соли 2015 таъкид гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз имконот ва ҳавасмандии Тоҷикистон ба иштирок дар Барномаи байналмилалии гидрологии ЮНЕСКО ёдовар шуда, изҳор дошт, ки «мо метавонем мавзуи обро дар сохтори асосии он босамар ва фаъолтар пешбарӣ намоем». Дар робита ба ин мавзуъ пешниҳод гардид, ки бо мусоидати ЮНЕСКО дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон Кумитаи миллӣ доир ба масъалаҳои гидрология таъсис дода шавад.

www.president.tj