Дар нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2018 баргузор гардид, Қурбонзода Бек Хол – муовини якуми раиси он изҳор дошт, ки соли сипаригардида Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳлили ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2017- 2020» дар шаҳру ноҳияҳо корҳои назаррасро анҷом дод.
Вобаста ба иҷрои Нақша — чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд 23-25 марти соли 2017 дар ҷамоатҳои дурдасти шаҳру ноҳияҳои Исфара, Гулистон, Панҷакент, Истаравшан, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ашт, Зафаробод, Деваштич ва Спитамен омӯзиши вазъи иҷтимоию иқтисодӣ гузаронида, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи кумита барои бартараф намудани норасоиҳо барномаҳои нав таҳия шуд. Дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда як қатор камбудиҳо ошкор гардид. Аз ҷумла, зимни таҳияи барномаҳои соҳавӣ баъзе аз лоиҳаҳо бе мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардидаанд. Ба ғайр аз ин, дар аксарияти барномаҳо лоиҳаҳое пешбинӣ шудаанд, ки манбаи маблағгузориашон номуайян аст.
Инчунин, кумита оид ба ташкил намудани коргоҳҳои дӯзандагӣ ва таъмини онҳо бо мутахассисон дар шаҳру ноҳияҳо таҳлил гузаронида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намуд.
А.МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»