Соли 2017 ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он 95484 мактубу дархост вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2016-ум зиёд аст. Дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ вазорат ба беш аз 4 ҳазор лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қариб 4 ҳазор ҳуҷҷати хусусияти ҳуқуқии байналмилалидошта хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод намуд.
Дар маҷмӯъ, ба вазорат ва раёсатҳои адлияи вилоятҳо 3224 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардидааст. Корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва огоҳии одамон гузаронида мешаванд, соли гузашта тақвият бахшида шуд. Бо ин мақсад кормандони вазорат, сохторҳои зертобеи он дар ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳо ва байни аҳолӣ суҳбату мулоқот доир, тавассути радио ва телевизион баромад ва дар рӯзномаҳо мақола интишор карданд. Татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, таҳти № 253 тасдиқ шудааст, бомуваффақият идома дорад. Вазорати адлия, ҳамчунин ҷиҳати татбиқи «Барномаи рушди низоми адлия барои солҳои 2015 – 2020», «Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои амалӣ андешида истодааст.
Соли сипаригардида 487503 асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шуд, ки 10 100 адади он ба бекор кардани ақди никоҳ марбут аст.
Идораҳои нотариалии давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ 541353 амалиётро ба расмият дароварданд, ки аз ин ба буҷети ҷумҳурӣ 54352758 сомонӣ боҷи давлатӣ ворид гардид.
Дар ин хусус 31 январи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод ба хабарнигорон маълумот дод.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»