Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷаримаи 359 роҳбар ва шахсони масъул барои риоя накардани талабот — 580600 сомонӣ

№16 (3810) 06.02.2018

DSC_3573- Аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 359 роҳбар ва шахсони масъули корхонаҳое, ки дар фаъолияти онҳо риоя нагардидани талаботи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ошкор шуд, ба  ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ба маблағи 580 ҳазору 600 сомонӣ  ҷаримабандӣ шуданд, — гуфт сардори хадамот Раҳим Санъат Асо якуми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ.

Ӯ, ҳамчунин зикр кард, ки  ҶДММ Ширкати байналмилалии истеҳсолии  «Чжунгтсай Моҳир Семент», ҶДММ «Тоҷчайна 2013», ҶДММ «Комбинати металлургии тоҷик», ҶДММ «Талко Ресурс», ҶСК «Корхонаи бойгардонии Такоб», ҶСК «Ангишт», ҶДММ — «БИ Ю Тоҷикистон», КФ «Шахтаи Фон-Яғноб», КВД «Обу корези Душанбе», ҶДММ «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ», ҶДММ «Арбоб-сохтмон», ҶСП «Проммонтаж», ҶСК «Сементи тоҷик», ҶДММ «Меҳрдод Интернейшнл», ҶДММ «Ширкати Тоҷикистону Хитой Дзин Хай», ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суғд Семент» аз ҷумлаи корхонаҳои ҷаримашуда мебошанд. 

Инчунин, зикр шуд, ки дар фаъолияти аксар корхонаҳо  риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ, ба монанди надоштани лоиҳаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, мавҷуд набудани нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ, таъмин набудани корхонаҳо бо мутахассисони соҳавӣ, риоя нагардидани талаботи дастурамалҳои соҳавӣ, аз муоинаи техникӣ нагузаронидани иншоот ва бо либосҳои махсуси корӣ таъмин набудани кормандон, инчунин дар феҳристи давлатӣ  ба қайд нагузоштани иншоот ошкор гардид

 Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»