Аз нишастҳои матбуотӣ

Варзишгарони тоҷик дар «Соли ҷавонон» соҳиби 425 медал гардиданд

№16 (3810) 06.02.2018

DSC_3586Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов Шодӣ Сафаров зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки устодони таълимгоҳ барои дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ҷой гирифтани гӯштини  миллии тоҷикӣ тамоми тадбирро андешида истодаанд.

Ба ин мақсад, соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии гӯштини миллии тоҷикӣ баргузор мешавад, ки дар он меҳмонон аз мамолики Осиё ва Африқо ширкат  меварзанд.

- Соли равон донишкадаро 1850 нафар  хатм карда, соҳиби рутбаи ҳарбӣ мешаванд, — гуфт Шодӣ Сафаров. — Ҷараёни таълим аз рӯи 5 ихтисос дар зинаи бакалавр ва мутахассис ҷараён дошта, чор сол боз, бо вуҷуди душвориҳои тахассусӣ, бо низоми кредитӣ фаъолият идома дорад.

Дар «Соли ҷавонон» варзишгарони тоҷик 425 медал, аз ҷумла, 121 медали тилло, 116 — нуқра ва 188 медали  биринҷӣ ба даст оварданд, ки аксари онҳо шогирдони ДТҶТ мебошанд.

Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар донишкада сехи хурди дӯхтани либосҳои варзишӣ ифтитоҳ ёфта, минбаъд варзишгарон бо либосҳои  варзишии истеҳсоли худӣ таъмин хоҳанд шуд.

Сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарбой Самадов иброз дошт, ки потенсиали илмии донишкада тайи 4- 5 соли охир хеле қавӣ гаштааст. Чанд сол пеш дар  он устодони дараҷаи илмидор ангуштшумор буданд. Ҳоло ду нафар профессору доктори илм ва 36 нафар  номзади илму иҷрокунандаи вазифаи дотсентони кафедра фаъолият менамоянд. Дигар ҷиҳати шоёни  таҳсин он аст, ки солҳои охир ҳисси ватандӯстии варзишгарони мамлакат баландтар шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар донишкада баҳри баланд  бардоштани ғурури миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ корҳои зиёд анҷом дода мешавад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»