Ташаббуси Президенти мамлакат — қадами бонизому таъсирбахш

№16 (3810) 06.02.2018

DSC_0294«Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об — 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад.», — қайд шуд дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон. Тавре маълум аст, роҷеъ ба аҳамияти ин иқдоми Сарвари давлат моҳи декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома қабул кард. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳаёт Одинаев дар ин хусус чунин ибрози назар кард:

- Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи мантиқии пешниҳодҳои пештараашон оид ба масоили об буда, кӯшиши хеле воқеона ва дилсӯзона нисбат ба ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили экологӣ, иқтисодӣ, санитарию технологии нигоҳдорӣ ва ­беҳдошти сифату самаранокии истифодабарии захираҳои об мебошад.

Зеро об яке аз муҳимтарин сарватҳои табиӣ, ҷузъи хеле муҳим ва ивазнашавандаи сармояи табиӣ буда, қариб дар ҳама раванди табиӣ-биологӣ, фаъолияти ҷомеа ва зиндагии инсон бевосита истифода мегардад. Воқеан, афзоиши босуръати аҳолии ҷаҳон, рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим ба ҳолати захираҳои об, ҳаҷм ва сифати онҳо таъсири ногувор мерасонад. Масалан, сатҳи ифлосшавии захира ва сарчашмаҳои об дар миқёси ҷаҳон ба сатҳи (ҳудуди) аз лиҳози устувории экологию биологӣ хеле хавфнок наздик расидааст. Инчунин, ҳаҷми истеъмоли об тайи солҳои охир назар ба соли 1990 ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ қариб ду маротиба афзоиш ёфтааст. Дар шароити Осиёи Марказӣ, бар асари аз байн рафтани баҳри Арал, афзоиши норасоии ҷуғрофии об ба мушкилоти хеле печидаи кишварҳои минтақа табдил гардидааст.

Бо дарназардошти мушкилоти рӯзмарра ва глобалии соҳаи об Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ҳафтумин Форуми ҷаҳонии об ташаббуси навро оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» эълон намуданд. Иқдоми Сарвари давлат қадами устуворест дар самти нигоҳдорӣ ва беҳдошти ҳолати имрӯза, таҳияи шароити зарурӣ барои дар амал татбиқ намудани банди шашуми Ҳадафҳои рушди устувор, дигар ҳадафҳо ва масоили марбут ба об. Даҳсолаи мазкур имкон медиҳад, ки дастовардҳои дар рафти Даҳсолаи амал «Об — барои ҳаёт» бадаст­омада таҳким ва ҳамгироии минбаъда, ба хотири беҳдошти низоми идоракунии захираҳои обӣ дар доираи Рӯзномаи аср дар соҳаи рушди босубот то соли 2030, тақвият бахшида шаванд.

Баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, 2018-2028», ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, аз таҳкими мақому манзалати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, болоравии нуфузу ­эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва ниҳоят, таваҷҷуҳи хосаю беназир ба мушкилоти идоракунии оқилонаю самараноки захираҳои об ва таъмини ҳадафҳои рушди устувор шаҳодат медиҳад.

 Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»