Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ 3377 донишҷӯе, ки дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Аммо 405 донишҷӯи ғайрирасмӣ ба таҳсилоти динӣ машғулбуда, дар кишварҳои Арабистони Саудӣ, Эрон Покистон ва ғайра боқӣ мондаанд.
Ба гуфти муовини раиси кумита Азизулло Мирзозода, баъди даровардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъракаҳои азодории «чил» ва «сол» танҳо бо дуову фотиҳа ва бе додани таом баргузор мегарданд. Мувофиқи ҳисоби коршиносон, аз ҳисоби бе таом гузаронидани ин ду маърака дар чор моҳ 31 миллион сомонӣ ба фоидаи соҳибмаъракаҳо сарфа гардидааст.
- Соли сипаришуда 768 қонуншиканӣ дар самти баргузории маърака ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуда, парвандаҳо ҷиҳати чораандешӣ ба суд ирсол гардиданд, — гуфт Азизулло Мирзозода. – Миёни қонуншиканон 13 хизматчии давлатӣ, 30 соҳибкор, 6 корманди тиб ва 1 имомхатиб ҳастанд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ дар қатори 326 масҷиди ҷомеъ ва 3528 масҷиди панҷвақта 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ низ фаъолият карда истодаанд.
- Соли гузашта беш аз 6000 шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳаҷи фарзиро ба ҷо оварданд, ки ба онҳо гурӯҳи корӣ, табибон ва роҳбаладон хизмат расониданд, — гуфт Сулаймон Давлатзода.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»