Мусоҳибаи хабарнигори рӯзнома бо мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Тоҷикобод Муҳаммад Шоев оид ба дастовардҳои ҷавонони ноҳия дар соли сипаригардида
- Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 — «Соли ҷавонон» ғурури миллии ҷавононро баланд бардошт. Дар ҷаҳони муосир назири Пешвои миллати тоҷик ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягон мамлакат ёфт намешавад, ки ба ҷавонон — насли ояндасоз зиёд арҷ гузошта бошанд.
Соли гузашта дар ноҳия меҳнати бунёдкорона идома дошт, ки дар он ҳиссаи ҷавонон назаррас аст, зеро ин қишри ҷомеа аз нисф зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд ва шиори маъмулии «Тоҷикистон — кишвари ҷавонон» барои Тоҷикобод низ созгор аст. Дар пешрафти соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, маорифу тандурустӣ, фарҳангу иҷтимоиёт, соҳибкорӣ неру, дониш, малака ва нақши ҷавононро ба хубӣ эҳсос мекунем. Насли калонсол бояд дилпур бошанд, ки барои фардо ҷойгузини сазовор ба воя мерасонанд.
Мехоҳам оид ба корҳои анҷомёфта дар «Соли ҷавонон» ба рақамҳо рӯ оварам: Шумораи ҷавонон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ба 25 нафар расид. Ҷалби занону духтарон ба хизмати давлатӣ нисбат ба соли гузашта 20 фоиз зиёд гардид, ки гувоҳ аз дастгирии роҳбарияти ноҳия нисбат ба ҷавонон аст. Айни ҳол шумораи занони хизматчии давлатӣ, ки дар синну соли ҷавонӣ қарор доранд, ба 10 нафар ва занони дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолияткунанда ба 14 нафар расидааст.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш бо муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия 190 чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ, илмию адабӣ ва варзишӣ доир намуд, ки фарқ дар муқоиса бо солҳои гузашта ниҳоят калон аст.
Қисмати бештари ҷавонон дар соҳаи маориф кор мекунанд. Соли гузашта 237 нафар хатмкардаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз тариқи тест иштирок карда, 140 нафар ё ин ки 59 фоизи онҳо ба номи пурифтихори донишҷӯ сазовор гардиданд. Гарчанде натиҷаҳои имтиҳонҳои тестӣ он қадар хурсандибахш набошанд ҳам, муваффақият ва дастовардҳои соҳа кам нестанд. Аз 34 нафар хатмкардаи риштаи омӯзгорӣ бо роҳхати Вазорати маориф ва илм 27 нафар ба ноҳия баргашта, бо ҷойи кор таъмин шуданд. Ба се омӯзгори ҷавон ба маблағи се ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд. Хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 деҳаи Шарқиён Алишер Сайҷалолов аз ҳисоби балҳои ниҳоии Маркази миллии тестӣ ва озмуни иловагӣ дар байни сад нафар ҷойи якумро ишғол намуда, барои идомаи таҳсил ба Ҷумҳурии Халқии Хитой роҳхат гирифт.
Вусъати чорабиниҳои варзишии «Соли ҷавонон» дар маркази диққати кормандони бахш ва мактаби варзишии ҷавонону наврасони ноҳия қарор дошт. қобили зикр аст, ки дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявию минтақавӣ варзишгарони ҷавони ноҳия 80 медал ба даст оварданд. Дастоварди аз ҳама бузурги сол муваффақияти паҳлавони умедбахш, зодаи деҳаи Зафаробод Разиавлоҳ Лоиқов ба ҳисоб меравад, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии қирғизистон оид ба гӯштини тарзи дзюдо ширкат варзида, Чемпиони Осиё гардид. Ин комёбӣ ба Разиавлоҳ имкон дод, ки дар шаҳри Сантягои Чилӣ дар мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкат варзад. ӯ чемпиони шашкаратаи Тоҷикистон аст.
Соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳия аз дастовардҳо илҳом гирифта, бо мақсади дастгирии беш аз пеши ҷавонон ташаббусҳои ватандӯстона нишон доданд. Соҳибкор Ислом Иззатов дар деҳоти «Ширинчашма» ва соҳибкор Маҳмадшокир Зокиров дар деҳаи Зафарободи деҳоти ба номи Мунаввар Шогадоев толори варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Мардуми сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод бо ҷавонони ғаюру далер ва ватанпараст ҳамеша ифтихор менамоянд. Дар мавсими даъвати баҳориву тирамоҳӣ ба сафи қувваҳои Мусаллаҳ аксари ҷавонон ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд. Ин боис гардид, ки нақшаи даъвати баҳорию тирамоҳӣ пеш аз муҳлат иҷро шавад.
Бовар дорам, ки на танҳо дар «Соли ҷавонон», балки имсолу солҳои оянда низ наврасону ҷавонони хушиқбол тавассути дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои нави шуҳрату матонатро фатҳ менамоянд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»