Дини мубини ислом беш аз 1400 сол боз арзи вуҷуд дорад ва ҳеҷ давлат, созмон ё шахси алоҳидае барои заволи он (ҳарчанд кӯшида бошад ҳам) то имрӯз коре карда натавонистааст. Дар тӯли таърих ин дини пок ҳамеша рушд намуда, сафи пайравонаш батадриҷ афзудааст. Имрӯз дар дунё 1,5 миллиард пайравони дини мубини ислом зиндагӣ мекунанд. Дар ин миён баъзан иснодовариҳо ба ин дини ҳақ низ ба мушоҳида мерасад, ки албатта, боиси таассуф аст, зеро аксари сиёҳкорони ин дини пок, ба эътирофи худашон, «мусулмонон» аниқтараш, «мулло» — ҳоянд. Онҳоеанд, ки худ саводи казоии динӣ надоранду мехоҳанд дигаронро ба роҳи «рост» ҳидоят кунанд.
Мутаассифона, қисме аз мардум бинобар надоштани дониши диниву дунявӣ муллоро аз муллотарошон фарқ намекунанд.Агар нафаре ду-се оят аз Каломи шариф қироат кунад ва чанд сухани «нек» бигӯяд, зуд мафтун мешаванд, қудрати таҳлилу назари ояндабин надоранд. Солҳои қабл як зумра рӯҳониён, ки бо мавъизаҳояшон миёни мардум машҳур шуда буданд, баъзан ҳангоми савол додани нафаре оид ба муносибат бо риш, дар ҷавоб онро ҳатто ба «ҷиҳод» баробар медонистанд. Худ қазоват кунед, магар ҳидоят ба роҳи рост аст, вақте мулло мегӯяд, ки «ҳангоми маҷбурӣ тарошидани риш инсони ба ин кор дастзадаро қатл ҳам кунӣ, қотил ҳисоб намешавӣ ва ё агар дар ҳамин асно худ кушта шавӣ, шаҳид мешавӣ»?
Дар замоне ки гурӯҳҳои иртиҷоии террористиву экстремистӣ зери ниқоби дини мубини ислом фаъолияти тахрибкоронаашонро амалӣ кардан мехоҳанд, чунин «фатво» додан ва паҳн шудани он ба воситаи видео ё аудио, бешубҳа, нафарони осебпазирро ба сӯйи ифротгаройӣ таҳрик медиҳад ва ҷавонони ноогоҳ аз асли дину мазҳаб дар сар фикри «ҷиҳодӣ» шуданро мепарваранд.
Пайдоиши гурӯҳи даҳшатафкани ба ном «Давлати исломӣ» собит сохт, ки фаъолияти бе назорати рӯҳониён на танҳо пеши роҳи ифротишавии ҷавононро гирифта наметавонистааст, балки ба он такон мебахшидааст. Агар чунин нест, пас чаро дар давоми 4-5 сол танҳо аз ҷумҳурии мо зиёда аз 1000 нафар ба ин гурӯҳи террористӣ пайвастаанд, ки қисме аз онҳо дар ҷумҳуриҳои Ироқу Сурия ба ҳалокат расида, падару модар, хоҳару бародар, зану фарзанд ва хешу таборашонро мотамзадаву сархам карданд. Ҳатто гурӯҳе аз онҳо зану фарзандҳояшонро низ ҳамроҳ бурда, «ҷиҳод» карданӣ буданд, аммо худ дар ҷанг ҳалок шуданду ҳамсаронашон ба дигар ҷангҷӯён бо навбат ба шавҳар баромаданд ва фарзандонашон ба мусибати бузург гирифтор шуданд. Ғайр аз ин, аъзои ин гурӯҳи даҳшатафкан дар чандин давлати дунё амалҳои мудҳиши террористиро содир намуда, боиси ҳалокати одамони зиёди бегуноҳ гардидаанд. Ҳамин тариқ, чандин гурӯҳи дигаре дар ҷаҳон зери ниқоби дини мубини ислом фаъолият доранд, ки аксар ба рӯйхати гурӯҳҳои террористии созмонҳои умумиҷаҳонӣ ва давлатҳои алоҳида дохиланд. Аз ҷумла, ташкилоти террористиву экстремистии собиқ ҲНИТ бо гузаштан ба фаъолияти ошкоро дар аввали солҳои навади садаи гузашта Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ тела дод. Дар он замон низ роҳбарони ташкилоти мазкур бо шиорҳои авомфиребона мардумро ба майдон даъват намуда, ҳатто ваъдаи «шаҳид шудан»-у ба «биҳишт рафтан»-ро медоданд. Натиҷаи дахолати муллоҳои чаласавод ба сиёсат ҷанги панҷсола бо зиёда аз 150 ҳазор кушта, беш аз 1 миллион гуреза ба давлатҳои дигар ва 10 миллиард хисороти иқтисодӣ ба кишвар аст.
Орзуи ғайриоқилонаи дигаре, ки ифротиҳои динӣ ошкору ниҳон амалӣ намуданашро дар дил мепарваранд, ин дахолат кардан ба сохти конститутсионии кишварҳои дорои аҳолиашон мусулмон мебошад. Мутаассифона, давлатҳои алоҳидаи хориҷӣ низ ба ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ барои тағйир додани сохти давлатдорӣ — аз демокративу дунявӣ ба динӣ «кумак»-и хешро дареғ намедоранд. Ҳол он ки дар давлатҳои дунявиасос ҳаёту фаъолияти озодонаи шаҳрвандон, новобаста аз эътиқоду миллат, кафолат дода мешавад ва ҳар шахс дар пайравӣ намудан аз дини дилхоҳаш ҳуқуқ дорад. Хушбахтона, сохти давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мувофиқи Конститутсия «дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона» мебошад. Аммо чунин сохт доштани давлати моро қисмате аз намояндаҳои дин бо атеизм ҳаммаъно медонанд, ки чунин фаҳмиши нодуруст раванди ифротгаройии диниро метезонад. Дар давлати дунявӣ тоату ибодат кори шахсии ҳар як фард аст ва ҳеҷ нафаре барои анҷоми он маҷбур нест. Ин нукта дар таълимоти динӣ низ мавқеи хоса дорад. Яъне, ҳар нафар мувофиқ ба рафтору кирдор ва риоя намудани рукнҳои динӣ дар назди Офаридгор худаш ҷавобгар аст. Аммо ифротиҳо ин нуктаро ҳатто шунидан намехоҳанд ва пайваста мусулмониро дар мондани ришҳои бетартибона, пайравӣ аз расму русуми бегона, пӯшидани либосҳои ғайримиллӣ (фарқкунанда) ҷилва доданӣ мешаванд.
Воқеан, ифротгаройии динӣ зуҳуроти манфие мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст. Маҳз ифротгаройӣ барои терроризму экстремизм замина гузошта, амнияту низоми давлатҳоро ба хатар мувоҷеҳ мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксари аҳолиро пайравони дини ислом ташкил медиҳанд, мутаассифона, сафи ифротгароён кам нест. Дар ҷомеае, ки шумораи масҷидҳояш аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиаш зиёд аст ва ҳеҷ монеае барои анҷом додани тоату ибодат мавҷуд нест, нафарони аз асли дини мубини ислом бехабар ба корҳое даст мезананд, ки дар ҷомеаҳои зери фишор қарордошта чунин амал камтар ба мушоҳида мерасад. Чанд сол пештар, ки мавъизаҳои рӯҳониёни шинохтаи кишвар бемамониат пахш мешуд, баъзан муносибат дар онҳо тарзе ба дин сурат мегирифт, ки миллат сарфи назар мегардид. Магар метавон миллати сарбаланди тоҷикро, ки таъриху фарҳанги оламгир дорад, нодида гирифт. Ҷашнҳои миллии қадима, аз қабили Наврӯзу Меҳргону Сада, санъату адабиёт ва фарҳангҳоеро, ки собиқаи қабл аз исломӣ доранд, бо «фатвое» бидъат эълон карда, тамоми зиндагии як миллати қадимаро танҳо дар ду ид ва чанд маросими динӣ марбут донистану маънидод кардан чӣ маънӣ дорад? Ҳоло гурӯҳҳое ба вуҷуд омадаанд, ки бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо таъриху фарҳанги қабл аз исломиро қабул надоранд, балки ба таҳқири миллати шарифи тоҷик даст мезананд. Ҳол он ки зуҳури дини мубини ислом ба хотири маҳв ва ё нобуд кардани миллатҳо нест.
Либоси миллӣ ҷузъи фарҳанги миллӣ аст. Он метавонад барои як халқ чун шиноснома хизмат кунад. Тоҷикон аз азал тарзи либоспӯшии махсус доштанд ва онро то имрӯз бузургсолон риоя менамоянд. Мутаассифона, солҳои охир гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки либосҳои дигар халқиятҳоро чун «либоси динӣ» қабул кардаанд ва тарзи пӯшидани либоси миллиро қабул надоранд. Ҳол он ки либоси ягонаи динӣ вуҷуд надорад, танҳо меъёрҳои пӯшидани либос дар дини ислом муайян шудааст. Масалан, либосе, ки дар давлатҳои арабӣ мавҷуд аст, аз ҷониби намояндагони динҳои дигар низ истифода мешавад. Ин ба он маъност, ки он на либоси динӣ, балки танҳо либоси миллии арабҳост. Магар ба ҷойи сатр агар занону бонувони кишвар рӯймол ё рӯсарии тоҷикӣ пӯшанд, зебандатар нест?
Тавре мушоҳида мешавад, имрӯз муносибат бо дин ба андозае ҳассос шудааст, ки камтарин беаҳамиятӣ дар ин самт метавонад барои ҷомеа ҳолати буҳрониро ба вуҷуд орад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро, новобаста аз мақому вазифа, лозим меояд, ки кишварро аз ҳама гуна хатар, бахусус корҳое, ки ба ифротгаройии динӣ тааллуқ доранд, ҳифз намоем. Диндоронро низ мебояд дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ ва озодии виҷдон» фаъолият намоянд. Танҳо дар заминаи пойдории Истиқлолияти давлатӣ арзишҳои миллӣ ва диниро аз ҳуҷуми афкори бегона эмин нигоҳ доштан муяссар мешавад. Дар ҷаҳони муосир таҷдиди назар кардан ба раванди таълиму тарбияи насли ҷавон, аз он ҷумла таълимоти динӣ, аҳамияти бузург касб менамояд. Иқдомҳои ахири мақомоти марбутаи кишвар ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти имомхатибон дар масҷидҳо низ қобили дастгирист. Нафароне, ки ба фаъолияти имомхатибӣ машғуланд, бояд дар баробари таълимоти дурусти динӣ, инчунин аз саҳми фарзандони миллати тоҷик дар таҳкими дини мубини ислом барои намозгузорон мавъиза хонанд, бартарии сохти имрӯзаи конститутсионии давлатро тарғиб намоянд, то бо ин амал дар боло бурдани сатҳи худшиносии миллии аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон, саҳм гузоранд.
Файзигул Шералиева,
директори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии № 51-и шаҳри Душанбе