Бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол», 32 нафар кӯдаки гирифтори нуқсони модарзодии дил бо усули миниинвазизӣ (бе чок кардани қафаси сина) ройгон ҷарроҳӣ шуданд.
Ин муосиртарин тарзи ҷарроҳии дил мебошад, ки тӯли як соат ба анҷом мерасад ва бемор баъди ду рӯз ҷавоб мешавад. Пештар гирифторони ин намуди беморӣ бештар дар хориҷи кишвар бо маблағи зиёд табобат мегирифтанд.
- Шукри истиқлолият, ки беморхона бо технологияи муосири тиббӣ муҷаҳҳаз аст ва мо ин амали ҷарроҳиро анҷом додем. Чунки кормандони шуъбаи ҷарроҳии дил ва рагҳои хунгарди дармонгоҳ дар марказҳои бонуфузи кардиологии Олмон, Япония, Россия, Эрон курсҳои бозомӯзиро хамт карданд, — мегӯяд мудири шуъбаи ҷарроҳии дил ва роҳҳои хунгард Эҳсон Каримов. — Беҳтарин сифати инсон, новобаста аз мақому вазифа, дар муносибат ба дигарон зоҳир мегардад. Ин иқдоми раиси шаҳр боиси дастгирӣ буда, ашхоси саховатпешаро водор месозад, ки дар дастгирии ниёзмандону маъюбон фаъолтар бошанд.
Дар саҳни беморхона бо чанд нафар падару модари кӯдакони бемор вохӯрдем, ки шодию хурсандии онҳоро ҳадду канор набуд ва барои чунин амали хайр ба раиси шаҳр бо рӯҳи болида изҳори сипос намуданд:
Зарина Ғаниева, сокини маҳаллаи 64-и ноҳияи Фирдавсӣ: — Ёдгорҷони мо ёдгоре аз падар аст. Ҳанӯз дар батни модар буд, ки падараш ҷаҳонро падруд гуфт. Дертар фаҳмидем, ки гирифтори нуқсони модарзодии дил будааст. Хеле хастаю сустҳаракат шуд. Нисбат ба ҳамсолон беҳавсала менамуд. Ӯро таҳти назорати духтури касалиҳои дил қарор додем. Сад шукр, ки аз ҷониби ҷарроҳ Фаридун Норов бо дастгоҳҳои муосир ҷарроҳӣ шуд. Вазъи саломатии ӯ ҳоло хуб аст.
Неъматулло Мирзоев, сокини ноҳияи Шоҳмансур: — Чор фарзанд дорам. Аз дармонгоҳ занг заданд, ки писарам Зикруллоҳро, ки бо нуқсони модарзодии дил таҳти назорати духтурон аст, ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» барам, дар он ҷо ройгон ҷарроҳӣ мешавад. Ростӣ, дар вуҷудам шуълаи умед афрӯхта шуд. Чӣ тавр ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» рафтанамро надонистам. Маро дар он ҷо хуш пазируфтанд. Баъди 3 рӯзи ҷарроҳӣ ранги заъфаронии ҷигаргӯшаам Зикруллоҳ дигар шуд.
Сайрамбӣ Шаҳриёрова, сокини ноҳияи Фирдавсӣ: — Фарзандам Ёсин нуқсони модарзодии дил дошт. Маблағ надоштем, ки табобат кунем. Вай таҳти назорати духтури касалиҳои дил – Бароталӣ Ҳайдаров қарор дошт. ӯ маро ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» фиристод. Ҷарроҳ Фаридун Норов бо ман машварат гузаронд. Сад шукр, ки ҷарроҳӣ хуб гузашту мушкили оилаи мо бартараф шуд.
Абдухолиқи МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»