«Ман ба қудрати созандаи халқи азизам итминони комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо бо заҳмату фаъолияти аҳлонаи худ дар ояндаи наздик мушкилотеро, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлатамон вуҷуд доранд, бартараф мекунем ва барои мардумамон шароити зиндагии боз ҳам беҳтару сазовор муҳайё месозем», — омадааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин суханон ҳамчун як шарораи умед қалби беш аз 8 миллион нафар тоҷику тоҷикистониро, ки аз ояндаи нек башорат медиҳад, мунаввар сохт.
Мо — омӯзгорон ва устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ин санади ҳаётбахшу ояндасози мамлакатро мисли ҳарсола интизор будем, зеро ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми қонунгузори мамлакат ҳуҷҷати тақдирсоз ва саодатофарин мебошад. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар тарбияи насли наврас саҳми босазо дошта, дастпарварони он аз ҷумлаи шахсиятҳои барҷастаи илм ва ходимони намоёни сиёсӣ мебошанд.
Паёми Роҳбари давлат барномаи бузургест, ки тамоми ҷанбаи ҳаёти ҷомеаи навини Тоҷикистонро фаро мегирад. Ҷаноби Олӣ равандҳои ҷаҳони муосирро ба риштаи таҳлил кашида, ҳушдор додаанд, ки дар ҷаҳони босуръаттағйирёбанда дар самти муносибатҳои хориҷӣ бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи манфиати халқу миллат ҷоннисор бошем.
Мо ҳама медонем, ки аз ҷумлаи аввалинҳо шуда, мубориза ба муқобили терроризмро аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда, таъкид намуда буданд, ки террорист миллат, ватан, мазҳаб надорад. Ба муқобили ин раванди номатлуб мамлакатҳои дунё бояд якҷо мубориза баранд. Пешниҳоди Сарвари давлат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд ва муборизаи оштинопазир ба муқобили терроризм ва экстремизм дар олам вусъат гирифт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои беҳдошт ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро таъкид намуда, ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ эҷоди шароити мусоид барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии онро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим унвон карданд.
Эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» яке аз ташаббусҳои шоиста ва бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои муаррифии кишвар ба ҷаҳониён ва эҳёи урфу одат, расму оин ва анъанаҳои мардумӣ мусоидат менамояд. Дар ин бобат, Сарвари давлат Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон додани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад.
Дар баробари муваффақиятҳои соҳаи маориф, Президенти кишвар дар назди аҳли зиё ва кормандони соҳа як қатор вазифаҳо гузоштанд. Аз ҷумла, таъмини сифати таълим дар ҳамаи зинаи таҳсил, аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то олӣ ва дар ин замина баланд бардоштани донишомӯзӣ, махсусан дар самти илмҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи иттилоотиро қайд карданд.
Пешвои миллат, ҳамчунин масъалаи дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавони мамлакатро таъкид намуданд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки мардуми кишвар дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Роҳбари давлат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, вазифаҳои дар наздашон гузоштаро бо дарки хештаншиносӣ иҷро менамоянд.
Шермад ТОИРОВ,
устоди Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ