Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар Душанбе 60 павилиони меваю сабзавотфурӯшӣ сохта мешавад

№19 (3813) 13.02.2018

ТочикматлуботМуовини раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Сангаков 7- уми январи соли равон  дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки соли сипаришуда бо мақсади таъминоти аҳолӣ дар фасли  сармо, инчунин пешгирии болоравии нархи картошка ва пиёз 1219 тонна пиёз, 1189 тонна картошка ва 100 тонна сабзӣ захира карда шуд. Аз ин миқдор дар анборҳои ҷамъиятҳои  матлуботи ВМКБ 50 тонна пиёз ва 40 тонна  картошка захира шудааст.

- Бо мақсади пешгирии болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ аз ҷониби ташкилоту  муассисаҳои  кооператсияи матлубот  мунтазам ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид, — гуфт Хуршед Сангаков. — Барои сохтмон, таъмиру тармими иншоот ва харидории воситаҳои асосӣ 10,3 миллион сомонӣ сарф шуда, 366 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.

Кормандони кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ соли сипаришуда ба Федератсияи Россия 35 тонна харбуза содир намуданд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ камтар аст.

Фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасони Иттифоқи «Тоҷикматлубот» соли 2017 хуб буд. Масалан, даромади хоҷагии ёрирасони «Ширкент»- и шаҳри Турсунзода танҳо аз соҳаи боғдорӣ  410000 сомониро ташкил дод.

- Мо кӯшиш  мекунем, ки маҳсулотро  аз дасти аввал гирифта, ба ҳамватанон пешкаш  кунем, — гуфт Хуршед Сангаков. – Соли ҷорӣ бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт тақрибан 60  павилиони меваю сабзавотфурӯшӣ сохта мешавад. Дар паҳлуи онҳо, ҳамчунин  сартарошхонаю дӯконҳои тармими пойафзол низ  ба корафтодагон хизмат мерасонанд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»