Аз нишастҳои матбуотӣ

Соли 2017 низоми бонкӣ 3,8 миллиард сомонӣ қарз дод

№19 (3813) 13.02.2018

DSC_0063- Соли гузашта дар натиҷаи татбиқи сиёсати фаъоли зиддитаваррумӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки фишангҳои монетарӣ, сатҳи муътадили таваррум нигоҳ дошта шуд.

Сатҳи таваррум дар соли 2017- ум 6,7 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба соли қаблӣ 0,6 банди фоизӣ зиёд мебошад. Қобили зикр аст, ки нишондоди таваррум дар доираи нишондиҳандаи муқарраршуда, ки тибқи дурнамо соли 2017 дар сатҳи 7,0 фоизи солона пешбинӣ гардида буд, қарор гирифт, — иброз дошт раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ, ки нуҳуми феврали соли равон доир шуд.

Зикр гардид, ки ҳоло дар мамлакат 84 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 27 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 7 ташкилоти қарзии хурд ва 33 фонди қарзии хурд фаъолият доранд.

Аз суолу ҷавоб маълум гардид, ки ҳаҷми пули захиравӣ то 31 декабри соли 2017- ум 14,6 млрд. сомонӣ ва пули нақд дар муомилот 11,7 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2016 мутаносибан 20,9 фоиз (дар соли 2016 нисбат ба соли 2015-ум 71,2 фоиз) ва 39,0 фоиз (дар соли 2016 нисбат ба соли 2015-ум 58,2 фоиз) зиёд мебошад.

Соли гузашта вобаста ба талаботи иқтисодиёт 5 млрд. сомонӣ пули нақд ба муомилот бароварда шуд, ки нисбат ба соли 2016- ум 2,5 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, пешниҳоди қарз тавсеа ёфта, қарзҳои хурди аз ҷониби ташкилоти қарзӣ додашуда 3,8 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2016-ум 5,3 фоиз зиёд мебошад.

Аз қарзҳои додашуда 58,4 фоизи вазни қиёсӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ ва аз рӯи соҳаҳо бошад, ба савдои хориҷӣ — 20,3 фоиз, саноат — 46,9, истеъмолот — 13,9, хизматрасонӣ  — 6,5, кишоварзӣ — 6,5, сохтмон — 3,2, нақлиёт — 1,3 ва дигар соҳаҳо 1,4 фоиз рост меояд.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»