Ҷомеаи Тоҷикистон дорои суннатҳо ва фарҳанги хос аст. Тамоми соҳаи зиндагӣ як бахши муҳими фарҳанг ҳастанд. Ҳар як инсон дар домани фарҳанге зода мешавад ва дар оғӯши он ба камол мерасад. Миллат ва қавмҳои кура дорои фарҳангҳои мухталиф мебошанд, ки чун гулҳои рангоранг бо накҳату таровати хос ба ҷилва меоянд.
Шамсиддин Орумбекзода — вазири фарҳанги мамлакат 7 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар ҳамин хусус сухан гуфт. Инчунин зикр кард, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2017 минбаъд ҳар сол 20 март ҳамчун Рӯзи фарҳанг таҷлил мешавад.
Вазир ин нуктаро низ ёдрас шуд, ки гурӯҳҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ соли 2017 дар нуҳ кишвари хориҷӣ зимни фестивалу ҷашнвораҳои байналмилалӣ ширкат намуда, санъати тоҷикро муаррифӣ карданд. Ҳамчунин, панҷ намояндаи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили бофандаи адрасу атлас, устои наққош, созҳои мусиқӣ, бофанда ва сангтарош дар Фестивали байналмилалии мероси фарҳангии «Зоҳид» дар Абу Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб, панҷ ҳунарманд дар Фестивали «Рӯзҳои фарҳангии Шарҷа» дар шаҳри Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб, 15 ҳунарманд аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Фестивал – намоиши байналмилалии «Сураҷкунд Мелла» дар шаҳри Фаридободи Ҳиндустон ширкат варзиданд. Албатта, ин кор дар муаррифӣ кардани санъати миллӣ басо муҳим аст. Он метавонад ба рушди ҳунарҳои мардумӣ мусоидат кунад ва дилбастагонро чун сайёҳ аз хориҷи кишвар ҷалб созад.
Шамсиддин Орумбекзода ба ин нукта ҳам ишора намуд, ки соли сипаришуда дар мамлакат 38 китобхонаи нав бунёд гардид, ки аз онҳо як адад дар шаҳри Душанбе, як адад дар вилояти Суғд, ҳашт адад дар вилояти Хатлон, як адад дар Бадахшон ва 27 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.
Падидаи нави фарҳангӣ дар ин муддат таъсиси ансамблҳои нав ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши ҳунарҳои навозандагию овозхонӣ ва рақс дар назди Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мебошад, ки панҷ дастаи ҳунарӣ – ансамбли рақсии «Зебо», ансамбли рақсии ба номи Ғ. Валаматзода, ансамбли ҳунарии созҳои миллии «Сайҳун», ансамбли созию овозии ба номи «Борбад» ва дастаи рақсии балет таъсис дода шуда, дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Дар охир Шамсиддин Орумбекзода ба суолҳои журналистон посух дода, таъкид намуд, ки соли равон 140 – солагии Асосгузори адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ таҷлил карда мешавад. Вазорати фарҳанг бо Академияи илмҳои Тоҷикистон барои ба таври шоиста баргузор намудани он тамоми чораро меандешанд.
Ворис, «Садои мардум»