Ҷавонон ба қисмҳои низомӣ барои иҷрои хизмати ҳатмӣ даъват мешаванд. Бо қабули қасами ҳарбӣ онҳо минбаъд мутобиқи талаботи қонун хизмат мекунанд, рафтору кирдори онҳо таҳти назорати ҳайати фармондеҳӣ қарор мегирад.
Низоми ҳарбӣ инро талаб мекунад. Барои ҳамин ҳам низом мегӯянд. Мутаассифона, ба гумони баъзеҳо, хизмат дар артишро метавон ба бозӣ табдил дод. Гӯё на ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, балки меҳмонӣ омада бошанд. Ҳатто меҳмон ҳам пеш аз рафтан аз мизбон иҷозат мепурсад. Аммо ин хизматчиёни ҳарбӣ қисми низомиро бидуни иҷозат тарк намудаанд, ки бо забони қонун инро фирор меноманд.
Баъдан дар рафти тафтиши пешакӣ онҳо баёнот медиҳанд, ки барои муолиҷа аз қисми ҳарбӣ рафтаанд, аммо амалҳои содирнамудаашон собит намуд, ки ба ҳеҷ гуна беморӣ гирифтор нестанд. Исботи баёноти бардурӯғи онҳо ин аст, ки «беморон» на ба табобатгоҳ, балки ба…маркази дилхушӣ мераванд. Фаррух Собиров, Баҳриддин Қурбонов ва Далер Риоев дар яке аз қисмҳои ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат мекарданд. Шояд хизмат ба дилашон зад, ки Фаррух Собиров бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамхизматаш Далер Риоев 20 октябри соли 2012 тахминан соати 23 қисми низомиро худсарона тарк намуда, дар кӯчаҳо ба майнӯшӣ машғул шуданд. Аскарони ширакайф дар роҳ бо шаҳрванд Е. К., ки ӯ низ дар ҳолати сархушӣ назди мошинаш қарор дошт, вохӯрданд. Ӯ аз Фаррух Собиров ва Далер Риоев хоҳиш намуд, ки барои аз чуқурии обгузар берун кардани мошинаш кӯмак расонанд. Баъди каме роҳ рафтан хоҳиш мекунад, ки мошинро нигоҳ доранд, то онро худаш идора намояд, аммо Фаррух якбора мошинро ба ҳаракат дароварда, ба роҳи калон баромад. Ба пурсиши Далер Риоев: Чаро ин корро мекунӣ, ҷавоб медиҳад, ки каме мошинсаворӣ намуда, сипас онро дар паҳлуи роҳи калон мемонанд.
Фаррух Собиров мошинро ба назди хонааш, ки дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе воқеъ аст, мегузорад. Ӯ ба таклифу пешниҳоди Далер Риоев гӯш накарда, қасди фурӯхтани мошинро мекунад. Пинҳонӣ аз Далер Риоев чанде аз қисмҳои мошинро ба маблағи 100 доллар мефурӯшад. Сипас, ҳуҷҷат ва рақамҳои қайди давлатии мошинро пинҳон намуда, онро ҳамчун моликияти шахсии бародараш барои таъмир ба нафаре вобаста мекунад. Ба Далер Риоев мегӯяд, ки мошинро дар роҳи калон гузоштааст. Баъди чанд муддат автомашина аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дарёфт ва баъди таъмири пурра ба соҳибаш баргардонида шуд. Далер Риоев, ки аз амалҳои Фаррух Собиров огоҳ буд, ба мақомоти дахлдор хабар намедиҳад.
Бо ин рафтораш Фаррух Собиров бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум шуда, дар асоси моддаи 71 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои таъиншуда татбиқ нагардида, як сол муҳлати санҷишӣ муқаррар мешавад.
Аммо Фаррух Собиров ин «гузашт»-ро ба таври дигар мефаҳмад. Як бор фирор карда буд, пас чаро онро такрор накунад. Аз қисми низомӣ якбора ғайб задани хизматчиён нишон медиҳад, ки назорат, тартибу интизом дар артиш беҳбудиро тақозо мекунад. Ҳамин тавр, ӯ аз назорати суст истифода карда, бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамхизматаш Баҳриддин Қурбонов 21 декабри соли 2012 тахминан соати 17 бо мақсади пурра халосӣ ёфтан аз хизмат худсарона қисми ҳарбиро тарк менамояд. Ин дафъа низ «иштибоҳан» ба ҷойи бемористон ба маркази дилхушии «Ситора» дар шаҳри Душанбе «меафтанд». Фирори онҳо чун маротибаи якум «пурсамар» буд. Онҳо аз нахустин лаҳзаҳои фирор аз қисми низомӣ қасди иҷрои амалҳои ҷиноятиро пеш мегузоштанд. Дар маркази дилхушӣ онҳо бо Кароматулло Аброров шинос мешаванд.
Пас аз фароғат шабро дар хонаи Кароматулло Аброров гузаронида, маслиҳат мекунанд, ки истироҳатро дар шаҳри Хуҷанд идома медиҳанд. Дар шаҳри Хуҷанд меҳмонхонаи «Эҳсон»-ро ҷойи истироҳат интихоб менамоянд, вале истиқомату истироҳат бе маблағ намешавад. Онҳо нақшаи пули муфт ёфтанро мекашанд. Дар ин ҷо бо шаҳрванд Ф. шинос мегарданд. Ӯ дар ошхона аз киса пулҳояшро, ки аз пулҳои сомонӣ ва 2200 доллар иборат буданд, берун бароварда, ҳаққи хӯроки шомро пардохт менамояд. Сенафарон чашм аз маблағҳои ӯ намеканданд. Бо мақсади аз даст надодани сайдашон ӯро бо ҳар баҳона барои идомаи суҳбат ба ҳуҷраи хобашон даъват менамоянд. Бехабар аз мақсади бади шиносҳои наваш, розӣ шуда, ба утоқи онҳо меравад. Онҳо то ними шаб ба қартабозию шаробнӯшӣ маш-ғул мешаванд. Баъд бо маслиҳати пешакӣ аз фурсати муносиб, яъне дар ҳолати мастӣ қарор доштан меҳмонро зери мушту лагад мегиранд. Сипас, ӯро ба айвони ҳуҷраи хобашон бурда, дасту пойҳояшро бо рӯйпӯши ҷойгаҳ мебанданд. Баҳриддин Қурбонов аз кисаи ҷабрдида маблағи 2200 доллар ва Кароматулло Аброров телефони мобилии тамғаи «Нокиа»-ро бо симкорти ширкати «Вавилон» тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Аммо дур рафта натавонистанд. Ин ҷо аз амалиёти фаврӣ ва бобарори кормандони милитсия бояд ёдовар шуд. Маҳз кӯшиши онҳо буд, ки ҳамон шаб (25 декабри соли 2012) Фаррух Собиров ва Кароматулло Аброров дар истгоҳи нақлиёти шаҳри Хуҷанд ва Баҳриддин Қурбонов дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ бо маблағи 2090 доллар дастгир шуданд.
Бо вуҷуди содир кардани амалҳои ҷиноятӣ, онҳо дар мурофиаи судӣ гуноҳро ба уҳда намегирифтанд.
Чуноне дар шикояти кассатсионӣ ва ҳимоятгар зикр мешавад, маҳкумшудагон Баҳриддин Қурбонов ва Фаррух Собиров бо тариқи роҳзанӣ маблағи ҷабрдидаро тасарруф накардаанд. Дар рафти тафтиши пешакӣ оид ба ин лаҳзаи ҷиноятӣ зери фишори кормандони милитсия нишондодҳои худиқрорӣ доданд ва бо сабаби бемор буданашон барои табобат аз қисми ҳарбӣ фирор карда, ба шаҳри Хуҷанд омадаанд.
Ин таври фарзия ҳеҷ мантиқ надорад. Агар бемор мебуданд, чаро ба табобатгоҳ нарафта, дар меҳмонхона ба майнӯшӣ машғул шуда, пули марди ношиносро бо зӯрӣ тасарруф намуда, фирор мекунанд? Дар мурофиаи судӣ ҳимоятгар О. Султонов низ сабаби 22 декабри соли 2012 аз қисми ҳарбӣ фирор намудан ва ба шаҳри Хуҷанд омадани онҳоро гирифтани табобат маънидод кардааст. Ҳол он ки Фаррух Собиров ва Баҳриддин Қурбонов уҳдадор буданд, ки оид ба бад будани саломатиашон ба духтури табобатӣ ё сардухтури беморхонаи ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Вале аз нишондоди Баҳриддин Қурбонов ва Фаррух Собиров дар мурофиаи судӣ бармеояд, ки онҳо барои истироҳат ба маркази дилхушии «Ситора» рафта, ба шаҳрванд Кароматулло Аброров шинос шуда, истироҳат менамоянд.
Пас онҳо ба бемории вазнин гирифтор набуда, ҳаракатҳои худро пурра дарк карда метавонистанд ва дар хусуси аз хизмат озод шудан, яъне фирор аз маҳалли хизмат, маслиҳати пешакӣ кардаанд, ки ин ҳолат аз ҷой доштани таркиби ҷиноятӣ дар моддаи 375 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда шаҳодат медиҳад.
Дар мурофиаи судӣ кирдорҳои Баҳриддин Қурбонов ва Фаррух Собиров бо моддаи 375 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фирор, яъне аз ҷониби гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ бо маслиҳати пешакӣ, худсарона аз қисми ҳарбӣ баромада рафтан, бо мақсади саркашӣ аз адои хизмати ҳарбӣ, инчунин рафтори онҳо ва Кароматулло Аброров бо моддаи 249 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади ба миқдори калон ба даст овардани молу мулк бандубаст шуданд. Ҳамзамон Фаррух Собиров бо моддаи 248 қисми 3 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ошкоро тасарруфи молу мулки ғайр бо миқдори калон (дуздии мошини шаҳрванд Е. К.) гунаҳкор дониста мешавад.
Ҳангоми таъини намуд ва андозаи ҷазо суди марҳилаи якум нисбати онҳо принсипи фардикунонии ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятҳои содиршуда, сабаб, тарзу амал, ҳолатҳое, ки ҷазоро нисбати ҳар як судшаванда сабук ва вазнин мекунанд, ба инобат гирифта, мувофиқи кирдорашон ҷазои сазовор қабул намуд.
Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд нисбати Баҳриддин Қурбонов бо моддаҳои 249 қисми 3 банди «а», 375 қисми 3, дар асоси моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ 13 (сенздаҳ) сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо мусодираи молу мулк бо адо намудани ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии дорои низомаш сахт, Фаррух Собиров бо моддаҳои 249 қисми 3 банди «а», 248 қисми 3 банди «б», 375 қисми 3 дар асоси моддаҳои 67 қисми 3 ва 68 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ниҳоӣ 15 (понздаҳ) солу шаш моҳ маҳрум сохтан аз озодӣ бо мусодираи молу мулк бо адои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии дорои низомаш сахт ва Кароматулло Аброров бо моддаи 249 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 (дувоздаҳ) сол бо мусодираи молу мулк бо адо кардани ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии дорои низоми сахт таъин гардид.
Бо таъиноти Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд нисбати Баҳриддин Қурбонов, Фаррух Собиров ва Кароматулло Аброров бетағйир ва шикояти кассатсионии онҳо беқаноат монда шуд.
Насимҷон ҲАСАНОВ,
судяи Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»