Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд озод намудани Зиёзода С. Р.

№19 (3813) 13.02.2018

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд озод карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 9 феврали соли 2018, №1012