Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Сайъло Мирзоев зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки сабаби асосии хориҷ гардидани донишҷӯён таҳсили ғайриқаноатбахш аз фанҳои табиатшиносӣ ва сатҳи пасти омодагӣ аз ин фанҳо мебошад.
То охири соли 2017 шумораи донишҷӯён 497 нафарро ташкил дод. Ба раванди таълим дар филиал 271 омӯзгор ҷалб шудаанд, ки 202 нафарашон профессорону омӯзгорони ДДМ ба номи М.В.Ломоносов мебошанд.
Соли 2017 филиали донишгоҳро 124 донишҷӯ аз рӯйи шаш барномаи бакалавриат хатм намуданд.
Натиҷаи имтиҳонҳои давлатии хатмкунандагон нишон дод, ки донишҷӯён дониши хуби назариявиро аз худ намуданд. Гувоҳ ин аст, ки Раёсати таълимии донишгоҳ ба 19 донишҷӯ гирифтани дипломи аълоро раво дид. Мутобиқи нақшаи тасдиқгардида, соли 2017 69 донишҷӯ корҳои илмӣ — тадқиқотиро дар озмоишгоҳҳои илмӣ — тадқиқотии пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда, 55 рисолаи илмӣ чоп кардаанд.
Тибқи барномаи «Силкроуд» имсол бояд барои давом додани таҳсил дар донишгоҳҳои Италия ва Испания 8 нафар фиристода шаванд. Оид ба ҳамкорӣ миёни филиали донишгоҳ ва Академияи давлатии хоҷагии қишлоқи шаҳри Костромаи Федератсияи Россия шартнома ба имзо расид.
- Яке аз дастовардҳои муҳими соли гузашта, — афзуд Сайъло Мирзоев, — ин барандаи Ҷоизаи байналмилалии «Содружество дебютов» дар соҳаи илм гардидани муовини директори иҷроия М. Абдукаримов дар Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»