Бино ба гуфти раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуалим Исмоилзода, дар шашмоҳаи аввали соли равон ба шаҳр 16 автобуси мусофиркаш ворид хоҳад шуд.
Барои харидории автобусҳо Бонки рушди Аврупо маблағгузорӣ хоҳад кард. Маблағи умумии лоиҳа 10 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва амалишавии он то соли 2021 идома меёбад.
Дар марҳилаи якуми лоиҳа 39 адад автобус ва дар марҳилаи дуюм 100 адад таксии замонавӣ ба Муассисаи давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» ворид хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа мушкили набудани нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашро ба назар гирифта, тасмим гирифт Муассисаи давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон»- ро таъсис диҳад. Айни замон сохтмони парки нақлиётӣ барои ин корхона дар майдони 4,5 гектар, бо маблағи 2 миллион доллари амрикоӣ, оғоз ёфтааст.
Сулаймон Султонов,
«Садои мардум»