- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои ҷиддӣ андешида, тибқи нақшаи чорабиниҳо бо аҳли ҷамоатчигии маҳаллаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолон оид ба баланд бардоштани сатҳи касбомӯзӣ, тарбия ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, ҳифзи мероси гаронбаҳо, пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон, аз қабили шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҷудошавии оилаҳои ҷавон вохӯриҳои судманд баргузор намуд, — изҳор дошт 14 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумита Идигул Қосимзода. — Бо мақсади пешниҳоди либоси ягонаи мактабӣ бо ҷалби тарроҳон аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода, намоиши ин намуди либос баргузор шуд.
Тибқи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», дар заминаи Шӯрои донишҷӯдухтарон курси омӯзишии «Мактаби духтарони сарвар», ҳамчунин курси такмили ихтисос дар мавзӯи «Зан-роҳбар» ташкил карда шуд, ки дар онҳо зиёда аз 250 нафар бонувон соҳиби гувоҳнома гардиданд. Дар ноҳияҳои Вахш, Данғара, Ш.Шоҳин, А.Ҷомӣ, Хуросони вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой сехҳои дӯзандагии бо дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мавриди истифода қарор гирифта, 250 нафар бону соҳиби ҷойи кор ва 300 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
- Ҷиҳати иҷрои фасли 3-юми «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» – расидан ба баробарии гендерӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва дастрасии баробар ба захираҳои молиявӣ, рушди соҳибкории занон дар назди кумита Шӯрои соҳибкорон аз ҳисоби соҳибкорзанони ҷумҳурӣ таъсис дода шуд, — гуфт И. Қосимзода.
Н.Низомӣ, Садои мардум»