Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, ки 9 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, бо намоиши филми ҳуҷҷатӣ оид ба дастовардҳо ва рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2017 оғоз шуд.
Сипас, муовини якуми раиси шаҳр Парвиз Акрамзода иттилоъ дод, ки соли 2017 қисми даромади буҷет 87,7 фоиз иҷро ва ба буҷет 114,7 миллион сомонӣ ворид гардид. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ вобаста ба иҷрои қисми даромади он, 85,7 фоиз таъмин шуд. Бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ биноҳои бисёрманзилаи дорои марказҳои хизматрасонӣ, кӯдакистон, мактаб, бинои панҷошёна бо ҷойгир намудани Маркази ташхисии минтақавии Агентии «Тоҷикстандарт», Маркази савдои «Кохи нур» ва бинои муассисаи таълимии № 33 барои 300 нафар хонанда бунёд ёфта, фермаи комплексии ширию молии ҶДММ «Агросаноат» таҷдиду азнавсозӣ ардид. Ҳамчунин, ӯ зикр кард, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 36 аз 25 январи соли 2017 Нақшаи нави генералии шаҳри Турсунзода тасдиқ ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр аз тарафи ҶСШК «Шаҳрофар» таҳия гардид, ки барои 100 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Дар доираи нақша сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна, пояи Парчам ва Нишони давлатӣ, бунёди боғи фарҳангӣ — фароғатӣ ва як қатор иншооти иҷтимоию саноатӣ пешбинӣ гардидааст.
Муовини якуми раиси шаҳр фаъолияти вакилони маҷлисҳои ҷамоатҳоро ғайриқаноатбахш ҳисобида, аз беаҳамиятии баъзе роҳбарони шаҳраку деҳот дар иҷрои вазифа изҳори нигаронӣ кард.
Муовини раиси шаҳр Солеҳа Холова оид ба дастовардҳо дар соҳаи маориф, тандурустӣ, фаъолияти шуъбаи САҲШ, муассисаҳои томактабӣ, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маълумот дода, ҳамчунин зикр кард, ки то ба ҳол дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ нарасидани ҷойи нишаст, таъмирталаб будани бинои мактабҳо ва баъзе бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои дурдаст ҷой доранд.
Оид ба бурдубохти соҳаи кишоварзӣ сардори Идораи кишоварзии шаҳри Турсунзода Ҳамдам Долиев маълумот дод. Ӯ иброз дошт, ки соли сипаришуда дар ҳама шакли хоҷагидорӣ, аз ҷумла сектори ҷамъиятӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ, ба маблағи 503 миллиону 77 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2016 — ум 31 миллиону 986 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Кишоварзон 45044 тонна ғалла, 68610 тонна сабзавот, 5080 тонна пахта, 12,4 тонна пилла, 22380 тонна ангур, 5685 тонна гӯшт ва 33,3 тонна асал истеҳсол намуданд. Комёбии назарраси деҳқонон аз ҳар гектар замин ба даст овардани 30 сентнерӣ пахтаи навъи якум мебошад, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бори нахуст ба даст омад.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»