Суҳбати телефонӣ

№22 (3816) 20.02.2018

19 феврали соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ доир намуд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқис­тон ва дурнамои рушди онҳоро дар асоси шарикии стратегӣ баррасӣ намуданд.

Зимнан, ҷараёни омодагирии ҷонибҳо ба сафари расмии дарпешистодаи ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

www.president.tj