Дар машварати назоратии назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷараёни иҷрои қарори раиси вилоят оид ба амалисозии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят Латиф Шоҳзодаев аз рӯйи ин масъала гузориш дода гуфт, ки мувофиқи ҳисоботи пешниҳоднамудаи мақомоти дахлдор ҷараёни омодагӣ ба тирамоҳу зимистон дар ҳамаи ноҳияҳо ва идораю муассисаҳо қонеъкунанда нест. Истифодаи маблағҳое, ки барои хариди ангиштсангу ҳезум барои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ пешбинӣ ва ҷудо шудааст, ғайриқаноатбахш аст. Истифодаи маблағҳои ҷудошуда дар соҳаи маориф ва тандурустӣ 47 фоизи нақша ва фарҳанг ҳамагӣ ҳафт фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти идораю муассисаҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ҳолати 6 августи соли равон дар вилоят 824 тонна ангиштсанг ва 1642 м3 ҳезум захира шудааст, ки ин ҳамагӣ 12 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Раиси вилоят Қодири Қосим дар ҷараёни баррасии масъала нисбати фаъолияти Ситоди вилоятии оид ба омодагӣ ба тирамоҳу зимистон ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо эродҳои ҷиддӣ баён намуд ва корашонро дар алоқамандӣ ба ин масъала ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард.
Раиси вилоят нисбати фаъолияти муассисаҳои роҳсозӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҷамъияти матлуботи вилоят ва ситоди ҳолатҳои фавқулодда норозигӣ баён намуд.
Дар машварат инчунин рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», корҳои ободонӣ дар шаҳри Хоруғ, риояи интизоми меҳнат дар идораю муассисаҳои вилоят ва иҷрои қарори раиси вилоят оид ба таъсисёбии корхонаҳои саноатӣ дар қаламрави вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»