Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат (22 декабри соли 2017) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро баён карданд. Яке аз онҳо рушд додани сайёҳӣ ва ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ аст, ки ба мардум рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Дар робита ба ин, чанде пеш бо иштироки фозилону ҳунармандони ноҳияҳои Панҷу Фархор ҳамоише бо номи «Ҷилваи ҳунар» дар ноҳияи Панҷ баргузор гардид.
Меҳмонон ибтидо аз се осорхонаи мактабҳои ноҳия дидан намуданд, ки дар саҳни онҳо ҳунармандон маҳсули дасти худро ба тамошо ва фурӯш гузошта буданд, ки диққати дилхоҳ бинандаро ба худ ҷалб мекард. Аммо дар ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2, ки ҳамоиши асосӣ он ҷо баргузор гардид, намунаи ҳунарҳои халқӣ, аз қабили маҳсулоти заргарӣ, оҳангарӣ, кешбофӣ, сӯзанидӯзӣ, таббохӣ, чакандӯзӣ ва амсоли инҳо назаррабоӣ мекарданд. Зеро ду тарафи даромадгоҳи мактабро осори қаламкашони панҷиву фархорӣ зеб медоданд.
Баъдан, дар толори мактаб қисмати фарҳангии чорабинӣ идома ёфт. Саҳнаи толор бо чакан мисли чаманистони хушрангу хушбӯ оро ёфта буд. Сурудҳои ҳофизони фархорию панҷӣ Субҳон Воҳидӣ, Раҷабалӣ Шарифов, Марям Раҳматова, Назирмад Ҳаётов, Сиёвуши Мансурзод, Иброни Маҳмад, Қадамшо Шералиев, Маҳмадалӣ Искандаров, Шарифхон Сайдалиев ва рақсҳои Меҳрангез Ғафурова ба аҳли толор ғизои маънавӣ бахшиданд. Суханрониву шеърхониҳои масъулону эҷодкорони ҳар ду ноҳия — Ёғибек Носиров – раиси Комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ, Зоирҷон Олимов — ёвари раиси ноҳия, Шарофиддин Асомиддинзода — муовини якуми раиси ноҳияи Панҷ, Пирмуҳаммад Нуров, Сумангул Бобиева, Мирзораҳмат Давлатов, Бобоҷон Қурбонов, Абдулҳамид Давлатзода, Искандар Сафаралиев ва Холмаҳмад Ғафурӣ ниҳоят самимӣ буданд. Онҳо бобати дӯстӣ, зарурати рушди ҳунарҳои мардумӣ андеша баён намуданд.
Ҳамоиши навбатӣ моҳи апрели соли равон дар ноҳияи Фархор доир мегардад.
А. Маҷидзода,
узви ИЖТ