19 феврали соли равон раиси ноҳияи Файзобод, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Раҷабзода дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли 2017 қисми даромади буҷети ноҳия 100 фоиз таъмин ва ба буҷет 38908,5 ҳазор сомонӣ ворид гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 182 миллиону 396 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2016-ум 300 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Инчунин, ба маблағи 10066 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба як соли пеш 1153 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Номбурда, ҳамчунин оид ба сохтмон, нақлиёту роҳ, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ибрози назар ва қайд намуд, ки соли 2017 барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулти ғизоӣ тибқи нақша 3600 тонна маҳсулоти ғаллагӣ, 3524 тонна картошка, 722 тонна мева захира карда шуд.
Вобаста ба ҳолати санитарии корхонаю ташкилот ва пешгирии бемориҳои сироятӣ иброз шуд, ки «Аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ 481 рейду санҷиш гузаронида, аз 87 шахси воқеию ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи санитарӣ 9350 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. 600 килограмм маҳсулоти ширию қаннодӣ ва 60 килограмм маҳсулоти гӯштии муҳлати истифодаашон гузашта, беш аз 420 номгӯй бозичаҳои кӯдаконаи зарарнок дарёфт ва мусодира гардид.
Раҷабзода Миралӣ афзуд, ки дар ноҳия истеҳсоли шири хушсифат ба роҳ монда шудааст ва талабот ба он маҳсулот аз тарафи корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ширии шаҳри Душанбе ва шаҳри Роғун зиёд аст. Ба хотири боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти Корхонаи коркарди шири ноҳияи Файзобод аз Ҷумҳурии Халқии Хитой таҷҳизоти зарурӣ ворид карда шуд, ки аз ҷониби мутахассисон насб шуда истодааст. Ӯ, ҳамчунин аз фаъолияти ғайриқаноатбахши корхонаи ҶДММ «Ганҷи Ҳилол», ки ба буҳрони шадиди молиявӣ дучор гардидааст, ёдовар гардид. Айни замон корхона 80 ҳазор сар паранда дорад ва тибқи нақша моҳҳои наздик боз 40 ҳазор сар ворид карда мешавад.
Раиси ноҳия дар идома аз мушкилоти таъмини аҳолӣ бо оби тоза, сари вақт аз партовҳо тоза накардани кӯчаҳои маркази ноҳия, таъмири роҳҳои маҳаллӣ ва таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техника изҳори нигаронӣ карда, ба масъулон супориш дод, ки дар муҳлати кӯтоҳ онҳоро бартараф намоянд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»