Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Олмон (ҶДТО) яке аз бахшҳои фаъоли Ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ маҳсуб меёбад. Аъзои ҷамъияти мазкур ҷиҳати роҳандозӣ кардани тадбирҳо барои таҳкими муносиботи дӯстона бо кишварҳои хориҷа, кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳанд. Натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳа аз ин гувоҳӣ медиҳад. Бо хоҳиши хабарнигори рӯзнома ин мавзуъро раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Олмон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Хайрулло Сайфуллоев чунин шарҳ дод:
- Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ бо даъвати ҷамъияти мо чанде аз меҳмонони олмонӣ аз Тоҷикистон дидан карданд, ки сафари онҳо барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш буд. Чунончӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Федеролии Олмон, профессори Донишгоҳи ба номи Гумболди шаҳри Берлин Лутс Жехак аз 25 феврал то 4 марти соли 2013 ба Душанбе омад, ки бо роҳбарии вай таҳти унвони «Назария ва амалияи тарҷума аз олмонӣ ба тоҷикӣ» барои омӯзгорони забони олмонии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари байналмилалӣ баргузор гардид. Бо мусоидати аъзои ҶДТО Мусаддас Ҷумъаева шаҳрванди Олмон Жаннет Кифер зимни ташрифи хеш ба шаҳри Душанбе, Қалъаи Ҳисорро тамошо карда, дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз дар минтақаи Қӯрғонтеппа, шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Панҷакент иштирок кард. Собиқ лектори ДААД, алҳол корманди илмии Па-жӯҳишгоҳи илм ва сиёсат (бахши Осиёи Марказӣ дар шаҳри Берлин), доктор, хонум Андреа Шмитс бо нияти омӯзиши бештари забони тоҷикӣ моҳи март ба Душанбе омада буд.
Дар якчанд чорабиниҳои умумимиллие, ки мо доир кардем, намояндагони кишварҳои бо мо дӯст ширкат варзиданд. Аз ҷумла 18 марти соли 2013 дар бинои Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф бахшида ба ҷашни Наврӯз маҳфил баргузор гардид, ки дар он хонандагони мактабҳои шаҳри Душанбе бо забони олмонӣ шеъру суруд хонда, саҳнаҳои театрикунонидашуда намоиш доданд. Дар маҳфил, дар баробари мутахассисони соҳаи маорифи шаҳр, инчунин кормандони Сафорати Олмон дар Тоҷикистон, таҳти роҳбарии сафир – хонум Дорис Хертрампф ширкат намуданд. Ба муносибати ҷашни Наврӯз ҳамчунин дар факултети забонҳои романӣ-германии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ «Ҳафтаи забони олмонӣ» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён дониш ва маҳорати хешро дар бахшҳои қироати шеъри олмонӣ, муколамаҳо аз ҳаёти рӯзмарра, викторина доир ба шаҳру вилоятҳои Олмон, драматизатсияи матнҳо ва ғайра нишон доданд.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо ташаббуси Сафорати Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Ассотсиатсияи омӯзгорони забони олмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази иттилоотии ДААД дар Душанбе ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Олмон се ҷаласаи байналмилалӣ доир гардид.
Аз 2 май то 8 майи соли 2013 бошад, барои омӯзгорони бахши германистика таҳти роҳбарии профессор Манфред Вайсбауер аз Иттиҳодия оид ба лингвистика ва дидактикаи забон дар Вена семинари байналмилалии тахассусӣ таҳти унвони «Нақшаи структуравии лаҳзаҳои дарс дар машғулиятҳои забони олмонӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар макотиби олӣ» гузаронида шуд. Дар семинари мазкур омӯзгорон аз донишгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ширкат намуданд.
Ҳамаи ин чораибиниҳо, албатта, барои беҳдошти забономӯзӣ, шиносойӣ бо фарҳанги ду халқи ориёӣ,таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ ва муносиботи дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои олмонизабон мусоидат менамояд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»