«Шуҳрати Ашт» шуҳраташро аз даст надод

№107 (3092) 27.08.2013

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди нақши матбуот дар ҷомеа чунин фармудааст: «Мардуми мо ба матбуот эътимоду сухани чопӣ эътиқод доранд. Ба боварию эҳтиром сазовор шудани аҳли қалам натиҷаи меҳнати фидокоронаи чандин насли рӯзноманигорони тоҷик аст».

Чанде қабл дар ноҳияи Ашт ба хотири 80-умин солгарди интишорёбии рӯзномаи ноҳиявии «Шуҳрати Ашт» ҷамъомади ботантана баргузор шуд.

Дар ҷамъомад раиси ноҳия Азимбой Азизов роҷеъ ба роҳи тайкардаи рӯзнома, нақши қаламкашон дар инъикоси саривақтии рӯзгори ноҳия муфассал сухан кард. Сардори хадамоти иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Суғд Илҳоми Ҷамолиён номаи шодбошии раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба соҳибони ҷашнвора расонида, ҳайати эҷодии рӯзномаро аз номи журналистони вилоят  шодбош гуфт.

Бояд гуфт, ки дар чил соли роҳи тайкардаи рӯзнома ва дастоварду пирӯзиҳои он нақши сармуҳаррири рӯзнома, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷиикстон Юнусалӣ Сиддиқов калон аст. Номбурда соли 1973 фаъолияти хешро дар ин рӯзнома оғоз карда, аз ташкилотчии оддии радиои маҳаллӣ то ба ҳадди сарварии рӯзнома расидааст. Инак, даҳ соли расо номбурда сармуҳаррири рӯзномаи «Шуҳрати Ашт» мебошад.

-Қабл аз ҳама, шодбошии моро нисбати ҷашни мубораки рӯзнома қабул фармоед.

-Ташаккур.

-Бигӯед, ки нахустин шумораи рӯзнома кай ба чоп расид ва нахустин муҳаррири он кӣ буд?

-Ҳаштод сол қабл- 23 майи соли  1933 шумораи нахустини рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи «Зарбдори Ашт» рӯйи чопро дид. Тӯли солиёне, ки сипарӣ гашт, ин нашрия роҳи пурпечутобу  ноҳамвори чанд давру замонро бошарафона ва ҷасорати ба худ хос тай намуд. Бо гузашти айём чун ҳаммаслаку ҳамнавои мардуми  озодихоҳу рушанфикр ва меҳнатдӯсту меҳанпарвар камол ёфт.

Он  солҳо  дар  шаҳру  навоҳии ҷумҳурӣ оҳиста-оҳиста нашрияҳои чопӣ арзи ҳастӣ мекард. Бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон 6 сентябри соли 1932 дар бораи таъсиси газета дар ноҳияи Ашт қарор ба тасвиб расонд. Абдуқоҳир Нозиров, ки он вақт мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунист ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи  Ашт буд, дар як вақт муҳаррири рӯзномаи тозатаъсиси «Зарбдори Ашт» таъин гардид.

Пас аз анҷоми як қатор корҳои ташкиливу омодагӣ, нахустшумораи рӯзномаи «Зарбдори Ашт» санаи 23 майи  соли 1933 бо теъдоди 100 нусха  дар матбааи «Болшевики Конибодом»-и шаҳри Конибодом аз чоп баромад. Рӯзнома то охири соли  1933 дар матбааи зикршуда ва баъдан то 19 июли соли 1934 (№11) дар матбааи шаҳри Хуҷанд ба чоп расид. Аз 9 августи соли 1934 (№12) бошад, баъди таъсиси матбаа рӯзнома дар худи ноҳияи Ашт ба нашр оғоз кард.

-«Зарбдори Ашт» номи аҷиб аст. Ин ном то кай пойбарҷо буд? Гузашта аз ин, мегӯянд, ки шумораҳои нахустини рӯзнома бо ҳуруфи арабӣ ба чоп расидаанд?

-Номи рӯзнома минбаъд дигар шудааст. Он  шуруъ аз рақами 37-ум, яъне 9 майи соли 1955 бо номи «Коммунисти Ашт» дарҷ гардида, аз соли 1965 то имрӯз ба муштариён бо унвони «Шуҳрати Ашт» дастрас мегардад.

Шумораи аввалини рӯзнома бо ҳуруфи арабию лотинӣ ба чоп расидааст. Ҳуруфи  арабиасос  то шумораи панҷ ба назар мерасад. Шуруъ аз шумораи ҳафтуми рӯзнома пурра бо ҳуруфи лотинӣ чоп мешуд. Аз ибтидои солҳои чилум ҷойи ҳуруфи лотиниро ҳуруфи кириллӣ гирифт.

-Баъдан дар раъси сарварии рӯзнома киҳо қарор доштанд?

- Солҳои сиюм ба уҳдаи он кормандони масъули кумитаи ҳизбӣ, ки нисбатан фаъолу боҷасорат буданд, дар як вақт  вазифаи муҳарририи рӯзномаи  ноҳиявӣ вогузор мегардид. Баъди Абдуқоҳир Нозиров дар вазифаҳои муҳаррири масъул ва муовини муҳаррири масъули рӯзномаи «Зарбдори Ашт» Б.Пӯлодов (соли 1934), Н.Шокиров (соли 1935), Қ.Расулов, М.Шарифов, О.Худойназаров, Р.Холиқов, Ҷ.Ҳакимов, Қ.Назаров (соли 1936), У.Раҷабзода, Ҳ. Мамадқулов, Қ.Назаров, Сухаревский (соли 1938), Т.Эшматов, У.Раҷабзода (соли 1939), Р.Сулаймонов (соли 1940) ва дигарон кор  кардаанд.  Мо имрӯз номи онҳоро бо эҳтирому ифтихор ба забон меорем.

Аз ибтидои солҳои чилум вазифаи муҳаррири масъули рӯзнома ба уҳдаи мухбири фаъолу ҷасури солҳои сиюм Қодир Расулзода вогузошта шуд. Яке аз муҳаррирони солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Раҳимқул Сулаймонов ва котиби масъули ҳамонвақта  Сулаймонқул Саидов бо хоҳиши худ аз идораи рӯзнома ба набарди зидди адӯ рафта, қаламро бо яроқ иваз намудаанд ва дар таъмини Ғалабаи бузург саҳми арзанда гузоштаанд.

Давомдиҳандагони кори онҳо муҳаррирони сонӣ Ортиқбой Марасулов, Адҳам Шомаҳмудов, Ҳувайдулло  Ҷалилов, Қаюм Комилов, Зайлобиддин Шарифов, Солеҳамоҳ Раҳматуллоева (равонаш шод бод) низ вазифаи хешро бо эҳсоси масъулияту меҳнатдӯстӣ ба иҷро расониданд.

-Албатта, дар ин радиф шахсони фидоие низ буданд, ки ба ҳайси хабарнигор, мудирони шуъбаю котиби масъул дар рӯзнома фидокориҳо кардаанд. Ин лаҳзаҳо месазад ёде аз онҳо кунем.

-Бале, тӯли солҳои гузашта дар идораи рӯзнома як зумра кормандоне фаъолият доштанд, ки анъанахои неки ҳамтоёни собиқи худро идома бахшида, дар муассирсозии сухани чопӣ саҳмгузорӣ кардаанд. Ба ин қабил А.Ашӯров, И.Қодиров, А.Мамадҷонов, С.Норматов, Р.Сатторов, Ф.Турсунматов, Ҳ.Увайдуллоев (рӯҳашон шод бошад), С.Азимов, Р.Махсумов, К.Йӯлдошев, Т.Ёрматов, С.Саодатдинов, Ф.Қурбонов, Ҷ.Юӯлдошев, М.Умаралиев, К.Султонназаров, Д.Анорқулова, Л.Мамашокирова, О.Назарова, М.Бобоҷонов ва дигарон мисол шуда метавонанд.

-Дар замони Истиқлолият низ рӯзнома кору заҳмати пурмасъулиятро паси сар кардааст. Дар ин ҷода чӣ навгониҳо ва диду назари тоза арзи вуҷуд кардаанд?

-Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фаъолияти рӯзномаи мо муҳтавои тоза гирифт. Он аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, мардумро баҳри амалисозии ҳадафҳои ободкориву созандагии давлату Ҳукумат раҳнамун месозад. Аҳли қалам ҳамеша кӯшиш доранд, ки тарзу усули нави корро пеша карда, нақши матбуотро дар пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёти ноҳия беш аз пеш баланд бардоранд.

-Барои боз ҳам пурмазмунтар шудани муҳтавои рӯзнома чӣ корҳо сурат мегиранд?

-Имрӯз ҷомеаи эҷодии Муассисаи давлатии  «Рӯзномаи ноҳиявии «Шуҳрати Ашт» идомадиҳандаи анъанаҳои неки ҳамкасбону ҳамкорони собиқи худ буда, барои пурмазмуну муассиртар шудани рӯзномаи ноҳиявӣ ва баланд бардоштани нақшу саҳми он дар ҳаёти ҷомеа саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Эҷодкорони мо Т.Машарифова, Ш.Раҳмонов, А.Шамсиддинова, Ф.Ҳувайдуллоева ва гурӯҳи калони мухбирони ҷамоатӣ, ба монанди Н.Иброҳимов, Ш.Ҳайдарӣ, Т.Ҳоҷимуродов, Қ.Дадоматов, Р.Қобилов, И.Сангинов, Д.Бӯтаев, М.Маҳкамов, Р.Атоқулов, Г.Маликзода ва дигарон вазифаҳои ҳамарӯзаи воситаҳои ахбори оммаро дуруст дарк менамоянд. Онҳо ҳама маҳорату истеъдоди худро барои воқеъбинона инъикос кардани дастовардҳои бузурги Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистон, пешравию дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, ҳамзамон камбуду норасоиҳое, ки садди роҳи пешравиҳо мегарданд, сарф менамоянд.

-Албатта, хизмати шоистаи аҳли эҷоди рӯзнома сазовор қадршиносӣ мегардад?

-Бале,  рӯзномаи «Шуҳрати Ашт» соли 2005 бори нахуст барои комёбиҳои эҷодӣ бо Сипосномаи раиси вилояти Суғд сарфароз карда шуд. 9 марти соли 2011 дар арафаи Иди матбуоти тоҷик раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода рӯзномаи моро бо як баста компютер мукофотониданд.

Бояд гуфт, ки мо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва роҳбарияти ноҳия дастгирию пуштибониро ҳамарӯза эҳсос мекунем. Дар рӯзи таҷлили ҷашни 80-солагии рӯзнома раиси вилояти Суғд муҳтарам Қоҳир Расулзода ба идораи мо як маҷмаа мизу курсиҳои нав тақдим карданд. Раиси ноҳия  Азимбой Азизов, бо қарори махсуси худ барои таъмири боми идораи рӯзнома панҷ ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карданд. Мо аз ин дастгириҳо сипосгузорем.

«Шуҳрати Ашт» ва ҳайати эҷодии он минбаъд низ таҳти сарварии муассиси нашрия-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба         анъанаҳои неки ҳамтоёни собиқи худ такя карда, дар роҳи амалисозии вазифаҳои вогузорсохтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор хоҳанд гузошт.

-Ташаккур барои суҳбат.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,  «Садои мардум»