Асп — қаноти мард

№107 (3092) 27.08.2013

Мутаассифона, зоти нави аспи тоҷикӣ то ҳол шаҳодатнома надорад

 

Дар атрофи ин мавзуи ҷолиб хабарнигорамон суҳбате орост бо доктори илми кишоварзӣ, профессор Арбобмирзо Шамсиев

 Муаррифинома: А.Г. Шамсиев хатмкардаи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (соли 1983). Ӯ аз соли 1984 то соли 1993 дар Аспхонаи давлатӣ ва ипподроми ҷумҳуриявӣ ҳамчун мутахассиси соҳа-зооинженер кор кардааст. Аз соли 1993 то ин дам дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур аввал ба сифати омӯзгори калон, дотсент ва ҳоло ҳамчун профессор дар вазифаи мудири кафедраи зотпарварӣ ва генетикаи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ифои вазифа менамояд. Соли 1999 рисолаи номзадӣ ва соли 2008-ум рисолаи докториро дар Федератсияи Россия дифоъ кардааст. А.Шамсиев роҳбари мавзуи «Такмили зоти аспҳои тоҷикӣ» ва раиси Шӯрои  кор бо зотҳои аспҳои Тоҷикистон, Бонитёри дараҷаи байналмилалӣ мебошад. Соли 2002 дар Комиссияи экспертии байнидавлатии маъқулдонӣ (апробатсионӣ), ки аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, зоти аспи тоҷикӣ тасдиқ гардида, мувофиқи  қарори ҳайати мушовараи вазорат (аз 28 декабри соли 2002 таҳти № 5) ҳамчун яке аз муаллифони зоти нави «Аспҳои тоҷикӣ» шинохта шуд.

  -Аспро қаноти мард мегӯянд. Чаро?

- Аз бозе, ки дунё бино, инсон пайдо ва ҷомеаи башарӣ пойбарҷо гардид, одамӣ, махсусан мард, барои худ муттако ва «қаноте» меҷуст, ки баробари ҳамсари ҳаётиаш чун шаҳпар ба ӯ хизмат намояд, ҳамдаму ҳамсафар ва ҳамтақдираш бошад. Табиист, ки аз рӯйи фаросат ва табиати офариниш ба ин мақому мартаба танҳо солори ҷонварон – асп метавонист сазовор гардад. Ана  ҳамин ҳамгиройӣ ва рисолати тавъам дар миёни инсон ва асп онҳоро умре ҳамқисмат гардонид ва асп чун болу пари родмардон ва сутуни бақои давлат эътироф шуд.

Ба қавли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «…ин аспҳо гаҳвораи нахустини давлату давлатдории тоҷиконро ба ҷунбиш оварда, дар ташаккули тамаддун ва давлати тавонои Бохтару Суғд хизмати арзандае кардаанд». (Эмомалӣ Раҳмон. «Тоҷикон дар оинаи таърих» -Лондон. с.1999, с.65).

-Дар бораи асп ва сифати он дар китобҳои муқаддас, гуфтори бузургону хирадмандон ва уламову удабои гузаштаву имрӯза суханони зиёде ҳаст, ки ин ҳам гувоҳи гуфтаҳои шумост.

-Оре, дар ин маврид мехоҳам зикр намоям, ки васфи ин ҷонвари дилқарини мардум ба китоби «Авасто» роҳ ёфт, дар ояҳои Қуръони Маҷид зикр шудааст ва боиси эҷоди қиссаҳои зиёди динӣ, муҷиби пайдоиши ривоятҳо, суруду афсонаҳо, зарбулмасалу мақолҳо, чистонҳову хобномаҳо ва дубайтиву рубоиҳо гардид. Тадриҷан ин мавзуъ ба адабиёти китобӣ низ ворид шуд. Дар эҷодиёти аксари адибони классикӣ ва муосири тоҷик вобаста ба рисолати образҳои асар тасвири бадеии асп роҳандозӣ шудааст. Одамушшуаро Абӯабдулло Рӯдакӣ агар ба тасвири ин мавзуъ ҳусни оғоз бахшида бошад, Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» устураҳои мардумӣ ва нақлу ривоятҳои халқиро дар либоси назм пардоз дод, ки дар тӯли тасвири шоир баробари ҷаҳонпаҳлавонон аспони размии далеру ҷасур ва сафшикани онҳо низ алайҳи хасми Ватан дар пархошанд. Чунончӣ, Фирдавсӣ гуфтааст:

Ҳаме Рахш гӯему бурабраш аст,

Ба хубӣ чу обу ба ранг  оташ аст.

Минбаъд ин мавзуъ дар эҷодиёти Унсурулмаолии Кайковус, Умари Хайём, Низомии Арӯзӣ, Низомии Ганҷавӣ, Манучеҳри Домғонӣ, Анварӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Сайидои Насафӣ, дар нигораҳои Камолиддини Беҳзод, ашъори Шамсиддини Шоҳин ва Садриддин Айнӣ тавсеа ёфт. Ҳамчунин оид ба ривоҷи фарасноманависӣ (аспноманависӣ) дар адабиёти тоҷик муҳаққиқон ишора менамоянд, ки боиси эҷоди зиёда аз 90 фараснома гардидааст ва нусхаҳои хаттии 56-тои он дастрас шудааст ва ду «Фараснома»-и мансури муаллифони номаълум ва «Фараснома»-и манзуми Алии Сафӣ ва «Фараснома»-и Мирзо Абдулқодири Бедилро муфассал мавриди таҳлил қарор медиҳанд. Тасвири бадеии асп минбаъд дар ашъори шоиру нависандагони муосири мо идома ёфт.

Аз қадим исмҳои хоси бисёре пойбарҷоанд, ки бо вожаи «асп» таркиб ёфтаанд, ҳамчун Гаршосп (Гарсосп, Гарсоспа)-фарбеҳкунандаи аспи лоғар, Арҷосп (Арҷатаспа)-дорандаи аспи арҷманд, Гуштосп (Виштосп)-дорандаи аспи омода, Аюрутасп, Луҳросп-дорандаи аспи тунд, Гушнасб-дорандаи аспи нар ва далер, Сиёвуш (siyavaxs-авастоӣ)-дорандаи аспи сиёҳ, Ҷомосп – дорандаи аспи асил, Пурушасп (номи падари Зардушт) – дорандаи аспи хокистарӣ, Беварасп (лақаби Заҳҳок) – дорандаи ҳазор асп, Бонугушасп – номи духтари Рустам.

«Миллати аспдӯсту соҳибзавқи тоҷик аз давраҳои аввали давлатдорӣ барои чобуктару зеботар намудани зоти асп кӯшида, дар тимсоли аспҳои бохтарӣ, тахорӣ ва хатлонӣ як достони ибратангези сарнавишти аспи миллии хешро офарид».

(Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих»)

Агар ба тавсифи асп аз нигоҳи ислом назар афканем, Худованд дар сураи «Ал-одиёт» (ояҳои 1-5) ба таковар савганд хӯрдааст, ки ба ин сабаб дараҷаву эҳтироми асп боло рафтааст. Аҳли ислом ва асосгузори он пайғамбар Муҳаммад (с) ба кулли чаҳорпоён бо муҳаббат ва самимият муносибат менамуданд, бахусус ба асп ихлос ва  алоқамандии бештар дошта, онро аз ҷиҳати сурат ва сират аз кулли ҳайвоноти хонагии саворӣ ҷонвари муқаддас ва бофаросаттар медонистанд. Ба ин маънӣ, Ҳазрати Расулаллоҳ (с) дар ҳадисашон ишора мекунанд: «Накуӣ дар паҳлуи пешонии асп баста шудааст…». Аҳодиси пайғамбар Муҳаммад (с) ва саҳобаҳою тобеин ва донишмандони ислом, ки ба ситоиши асп бахшида шудаанд, ҷанбаи муҳими тарбиявӣ – ахлоқӣ доранд. Хулоса, дини мубини ислом ва поягузорони он ба асп ҳамчун воситаи разм бо назари нек ва дилбастагии бепоён нигариста, дар аҳодиси набавӣ аспро на танҳо ситоиш кардаанд, балки мусулмононро уҳдадор намудаанд, ки ба ин ҳайвони наҷиб ҷабри беҳуда накунанд. Аз ин ҷост, ки Паёмбари ислом ҳар гуна шартбандиро бо асп бо истиснои мусобиқаи аспдавонӣ ва тирандозӣ мамнуъ донистаанд.

Аспшиносони бузурги ҷаҳонӣ маҳз пайдоишу густариши аспро дар Осиёи Марказӣ собит кардаанд. Таҷассуми аспи бодпое, ки ҳоло дар ин минтақаи Осиёи Марказӣ бо шукуҳу шаҳомати худ ҷомеаи аспшиносони ҷаҳонро моту маҳбут кардааст, ин аспи ба истилоҳ ахалтекинӣ («Ахалтака» номи маҳале, кӣ гӯё ин асп аз он ҷой пайдо шуда бошад) мебошад. Вале ҳақиқат он аст, ин асп бо асолат парвариш ёфта, то даврони мо омада расидааст. Ба андешаи муҳаққиқон, ин ҳамон аспи хуталониест, ки васфи онро шоирону нависандагони ниёгони тоҷик сароидаанд. Кӯшиши олимону мутахассисони соҳаи асппарварии тоҷик дар муддати гузашти даврони Иттиҳоди Шӯравӣ барабас нарафт. Онҳо тавонистанд дар муддати тӯлонӣ (аз соли 1933 то соли 2002) аспи ниёгони хуталонии худро бо нозукиҳои намуди зоҳириву ботиниаш офаранд.

Асп Мусохиба

Аспи тозабунёди зоти тоҷикӣ (нараспи қуло-ҷеран бо лақаби Кафтар  (хоназоти хоҷагии деҳқонии «Мир», ноҳияи Ховалинг) соли тавлид 2007. Ченакҳояш: 158 – 180 – 20,5.Типи саворӣ.

-Имрӯз тадқиқотҳо дар соҳаи асппарварӣ дар кадом поя қарор дорад?

-Соли 2011 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик ба дифоъ расидани рисолаи доктории Ҳасани Муродиён мавзуи «Тасвири бадеии асп дар таърихи  адабиёти тоҷик» худ нишони он аст, ки то чӣ андоза муҳаққиқ-адабиётшиноси тоҷик мавзуи образи аспро дар эҷодиёти ниёгони мо тасвиру тавзеҳ додааст. Ин далели он аст, ки мардуми сарбаланди ориёнажоди мо ҳеҷ вақт аз ин олиҳаи зебои табиати худовандӣ худро барканор намегирад.

Як нуктаи дигар қобили зикр аст, ки зоти тозабунёди аспи тоҷикӣ соли 2002 тасдиқ гардида, дар комиссияи байнидавлатӣ маъқул дониста шудааст,  вале то ҳол шаҳодатномаи (патенти) ватании худро ҳамчун зоти бавуҷудомада нагирифтааст ва дар реестри ҷаҳонӣ қайд ҳам нашудааст. Барои шаҳодатномаро гирифтан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастовардҳои селексионӣ дар соҳаи чорводорӣ» зарур аст, ки ҳоло ҳам ба тавсиб нарасидааст, гарчанде чандин маротиба аз тарафи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ин иқдом тавсия шудааст. Ин боис шудааст, ки муаллифон ва селексионерони тоҷик аз дастовардҳои худ баҳравар нашудаанд ва комёб шуда ҳам наметавонанд (баъзе олимон шаҳди комёбии худро надида, вафот кардаанд). Ба вуҷуд овардани зот дар соҳаи чорводорӣ бузургтарин дастовардест, ки олимон бо машаққати зиёд онро ба даст меоваранд.

-Муаллифони зоти нави аспи тоҷикӣ киҳоянд?

-Дотсент Н.О. Мамин, ки устоди банда ҳисоб меёбанд. Баъд аз вафоти  вай корҳояшро ман идома дода, ба охир расонидам.

-Имрӯз таваҷҷуҳ ба соҳаи асппарварӣ дар кишвар чӣ гуна аст?

-Хушбахтона, ин соҳа мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Шаҳрдории пойтахт низ барои рушди соҳа тадбирҳо меандешад. Ба итмом расидани таъмиру тармими аспрези (ипподроми) шаҳр худ гувоҳи ин гуфтаҳост. Ҳар сол дар ин пойгаҳи аспрезӣ зиёда аз 100 – 150 сар аспҳои бодпойи тоҷикӣ мавриди озмоиш қарор ёфта, хотири мо — мухлисони соҳаро шод мегардонад. Ба фикри мутахассисон, аспҳои бодпойи тоҷикӣ бояд аз синни ҳафт-ҳаштмоҳагӣ сар карда, дар аспрези (ипподроми) пойтахт машқҳои мунтазамро гузашта, дар пойгаҳои мавсимӣ аз синни дусолагӣ сар карда, дар масофаҳои гуногуни пойгавӣ ширкат варзанд. Чунин озмоишҳо дар аспҳо чустучолокӣ, сифатҳои баланди коршоямӣ ва баландарзиширо пайдо карда, нархи онҳоро дар бозори ҷаҳонӣ даҳчанд боло мебардорад. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва таҳти роҳбарии раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифта шудааст, ки зимни ҳар ҷашнвора дар ипподроми ҷумҳуриявӣ аспҳои бодпойи тоҷикиро дар масофаҳои гуногун мавриди озмоиши пойгавӣ қарор диҳанд ва ин анъана чандин сол аст, ки амалӣ шуда истодааст.

Якуми июли соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пойгаи «Мукофоти Президенти Россия», ки дар шаҳри Москва доир шуда буд, тамошо карданд. Ман итминон дорам, ки дар ҷумҳурӣ сафи дӯстдорони соҳа афзуда, зоти нави аспи тоҷикӣ  баъди гирифтани шаҳодатномаи зот (пас аз қабули қонуни зикргардида) бори дигар бо сифатҳои кории худ диққати ҳаводорону мухлисонро ҷалб мекунад. Мехоҳам зикр намоям, ки аз тарафи муаллифи зот «Китоби давлатии зоти аспҳои тоҷикӣ» дар ҳаҷми 1030 саҳифа бо кӯмаки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»